Корхонаҳои нақлиётии шаҳри Душанбе сокинони пойтахтро барои омӯзиш ба курсҳои омода намудани ронандагони дараҷаи «Д» даъват менамоянд

Январь 19, 2021 13:10

ДУШАНБЕ, 19.01.2021. /АМИТ «Ховар»/Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1», «Автобус-2» ва «Автобус-3»-и шаҳри Душанбе хоҳишмандон, сокинони  пойтахтро барои омӯзиш ба курсҳои омода намудани ронандагони дараҷаи «Д» даъват менамоянд. Ронандагон   баъди хатми курсҳо  дар автобусҳои тамғаи «АКИА» дар хатсайрҳои пойтахт ба фаъолият оғоз хоҳанд кард.    

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  маблағи омӯзиш аз ҳисоби Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1», «Автобус-2» ва «Автобус-3»-и шаҳри Душанбе пардохт карда мешавад.

Хоҳишмандон барои гирифтани маълумоти муфассал метавонанд бо рақамҳои  988 70 44 00  («Автобус-1»)  985 38 28 81  («Автобус-2»)  ва  918 63 14 93  («Автобус-3») дар тамос шаванд.

Ёдовар мешавем, ки  корхонаҳои нақлиётии  Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1», «Автобус-2», «Автобус-3» ва «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе шахсонеро, ки дорои шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи «Д» ва собиқаи кории на камтар аз се сол дар автобусу троллейбусҳо мебошанд, ба кор даъват менамояд. Ронандагон бояд сокинони шаҳри Душанбе бошанд.

Хоҳишмандон метавонанд барои гирифтани маълумот ба шуъбаҳои кадри корхонаҳои нақлиётии  шаҳри Душанбе  бо  телефонҳои зерин муроҷиат намоянд: 988 70 44 00  ( «Автобус-1»),

985 38 28 81 («Автобус-2»),  918 63 14 93  («Автобус-3») ва  908 00 57 80  ( «Троллейбус»).

Январь 19, 2021 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ бинои нави Институти иқтисодиёт ва демографияро мавриди истифода қарор доданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонии маҷмааи IT-Hub Dushanbe санги асос гузоштанд
Моҳи август «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» оғоз гардид
«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Дар Душанбе Ниммарафони байналмилалии «One run» баргузор шуд
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург доир мегарданд
Дар Душанбе Озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ ва рушди бародаршаҳрҳои Чэнду-2026 иштирок намуд
Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг аз Душанбе расонида шуд