Корхонаҳои нақлиётии шаҳри Душанбе сокинони пойтахтро барои омӯзиш ба курсҳои омода намудани ронандагони дараҷаи «Д» даъват менамоянд
ДУШАНБЕ, 19.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1», «Автобус-2» ва «Автобус-3»-и шаҳри Душанбе хоҳишмандон, сокинони пойтахтро барои омӯзиш ба курсҳои омода намудани ронандагони дараҷаи «Д» даъват менамоянд. Ронандагон баъди хатми курсҳо дар автобусҳои тамғаи «АКИА» дар хатсайрҳои пойтахт ба фаъолият оғоз хоҳанд кард.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, маблағи омӯзиш аз ҳисоби Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1», «Автобус-2» ва «Автобус-3»-и шаҳри Душанбе пардохт карда мешавад.
Хоҳишмандон барои гирифтани маълумоти муфассал метавонанд бо рақамҳои 988 70 44 00 («Автобус-1») 985 38 28 81 («Автобус-2») ва 918 63 14 93 («Автобус-3») дар тамос шаванд.
Ёдовар мешавем, ки корхонаҳои нақлиётии Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1», «Автобус-2», «Автобус-3» ва «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе шахсонеро, ки дорои шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи «Д» ва собиқаи кории на камтар аз се сол дар автобусу троллейбусҳо мебошанд, ба кор даъват менамояд. Ронандагон бояд сокинони шаҳри Душанбе бошанд.
Хоҳишмандон метавонанд барои гирифтани маълумот ба шуъбаҳои кадри корхонаҳои нақлиётии шаҳри Душанбе бо телефонҳои зерин муроҷиат намоянд: 988 70 44 00 ( «Автобус-1»),
985 38 28 81 («Автобус-2»), 918 63 14 93 («Автобус-3») ва 908 00 57 80 ( «Троллейбус»).








31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд






