Котиби генералии Кумитаи олимпии Қатар ноиби президенти Шӯрои олимпии Осиё интихоб шуд

Январь 20, 2021 09:19

ДУШАНБЕ, 20.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Котиби генералии Кумитаи олимпии Қатар Ҷасим Рашид Ал-Буэнайн ноиби президенти Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) интихоб шуд. Номзадии Ал-Буэнайнро ба ин мақом президенти Кумитаи олимпии Қатар шайх Ҷоан ибни Ҳамад Ал-Танӣ пешниҳод кардааст.

Тибқи муқаррароти Оинномаи ОСА, пас аз он ки шаҳри Давҳа мизбони Бозиҳои Осиё-2030 интихоб шуд, ба Кумитаи олимпии Қатар иҷозат дода шуд, ки ба мақоми ноиби президенти ОСА номзад пешниҳод кунад.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ал-Буэнайн иҷрокунандаи директори кумитаи дархостии Давҳа-2030 буда, дар омодагӣ ба бозиҳо нақши калидӣ хоҳад дошт.

«Барои ман ноиби президенти Шӯрои олимпии Осиё будан ифтихори бузург аст. Мехоҳам миннатдориамро ба президенти ОСА шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ ва ҳамаи оилаи Шӯрои олимпии Осиё расонам, ки имкони саҳм гузоштан ба ояндаи дурахшони варзиши Осиёро фароҳам карданд. Ҳамчунин ба президенти Кумитаи олимпии Қатар Ҷоан ибни Ҳамад Ал-Танӣ барои таъйини ман ва супоридани намояндагии Давҳа-2030 дар Кумитаи иҷроияи ОСА изҳори сипос менамоям. Тавре мо гуфта будем, Қатар барои гузаронидани Бозиҳои Осиё имрӯз омода аст, бинобар ин мо имкон дорем, ки сарфаи хароҷоти худро барои сармоягузории инфрасохтор ва рушди варзиш дар саросари қора истифода барем», — гуфтааст Ҷасим Рашид Ал-Буэнайн.

Ал-Буэнайн ба ҳайати 12-нафараи Кумитаи иҷроияи ОСА ворид гардида, намояндаи дуюми Қатар дар ин мақом мешавад. Ноиби президенти Кумитаи олимпии Қатар Танӣ Абдураҳмон Ал-Куварӣ аз соли 2019 ноиби президенти ОСА мебошад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли гузашта Давҳа дар Ассамблеяи генералии ОСА ба ҳайси мизбони Бозиҳои Осиё-2030 интихоб шуд.

Январь 20, 2021 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад