Президенти КБО Томас Бах: «Ҳеҷ асосе мавҷуд нест, ки сабаби баргузор нашудани Бозиҳои олимпии Токио-2020 гардад»
ДУШАНБЕ, 22.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах дар мусоҳиба бо «Kyodo News»-и Япония изҳор доштааст, ки “ҳеҷ асосе мавҷуд нест, ки сабаби баргузор нашудани Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 август гардад, зеро тахминҳо дар бораи баргузории Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии имсола зиёд мешаванд».
Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ҳамчунин Томас Бах зикр менамояд, ки «мо ҳоло ҳеҷ асосе надорем, ки бовар кунем Бозиҳои олимпӣ дар Токио 23 июл дар Варзишгоҳи олимпии Токио боз нахоҳанд шуд. Чаро, ки нақшаи «B» вуҷуд надорад ва аз ин рӯ мо комилан саъй дорем, ки бозиҳоро бехатар ва муваффақ доир намоем».
Нигаронӣ аз сарнавишти бозиҳо, ки бори аввал бо сабаби пандемияи COVID-19 як сол ба таъхир гузошта шуд, аз соли нав шиддат гирифт.
Ин ба афзоиши ҳолатҳои коронавирусӣ дар якчанд кишвар, аз ҷумла Япония вобаста аст, ки асосан вариантҳои интиқолёфтаи COVID-19 мебошанд.
Дар натиҷа, Сарвазири Япония Йошиҳидэ Суга маҷбур шуд, ки дар якчанд минтақа, аз ҷумла дар пойтахти Токио вазъи фавқулода ҷорӣ кунад.
Як пурсиши ахири “Kyodo News” нишон дод, ки тақрибан 80 фоизи мардуми Япония мехоҳанд Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ дар Токио имсол низ лағв карда шаванд ё ба таъхир гузошта шаванд, ҳамчунин даъватҳо барои таҳвили Токио-2020 ба соли 2024 низ садо додаанд.
Новобаста ба ин, Томас Бах барои баргузории бозиҳои муваффақ хушбин аст, аммо иқрор мешавад, ки шумораи мухлисон дар варзишгоҳҳо шояд маҳдуд карда шавад.
Сарвазири Япония Йошиҳидэ Суга низ қавл додааст, ки пандемияи коронавирусро ҳарчи зудтар таҳти назорат қарор дода, имсол Токио-2020-ро доир мекунанд.
Агар бозиҳо бомуваффақият гузаранд, як қатор чораҳои зидди коронавирус амалӣ хоҳанд шуд. Ба ин варзишгароне дохил мешаванд, ки на дертар аз панҷ рӯз пеш аз рақобаташон ба Деҳаи олимпӣ омада, ҳадди аксар пас аз ду рӯзи мусобиқаашон хориҷ мешаванд ва коҳиши эҳтимолии иштирокчиён дар маросими ифтитоҳ ва пӯшидашавӣ низ дар назар гирифта шудааст.
Томас Бах дар суханрониаш моҳи ноябри соли гузашта варзишгаронро ташвиқ кард, ки қабл аз Олимпиада ваксинаи COVID-19 қабул кунанд, аммо исрор намуд, ки ин барои вуруд ба бозиҳо талабот нахоҳад буд.
Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешаванд. Феълан ду варзишгари мо – Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев дар намуди бокс ба ин бозиҳо роҳхат гирифтаанд.
ДАР АКС: президенти КБО Томас Бах. Аксҳо аз EPA-EFE/DENIS BALIBOUSE / POOL








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд






