СУРАТ-ДАЛЕЛ. Дар шоҳроҳи Муъминобод-Кӯлоб зиёда аз 200 адад ниҳолҳои ороишиву сояафкан шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 04.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод бо иштироки васеи кормандони соҳаҳои мухталифи ноҳия маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид.
Дар ин рӯз дар талу теппаҳои ҳамшафати шоҳроҳи мошингарди Муъминобод-Кӯлоб зиёда аз 200 адад ниҳолҳои ороишиву сояафкан шинонида шуд.