ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 январ, душанбе, 25-умин рӯзи соли 2021 аст
25 январи соли 2001 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Фармон ба имзо расониданд.
***
10 сол пеш, 25 январи соли 2011 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳодисаи мудҳиши террористӣ, ки бегоҳии 24 январ дар фурудгоҳи Домодедоваи шаҳри Москва рух дод, андӯҳгин гардида, аз дақиқаҳои аввал ҷараёни расондани кумакҳо ба шаҳрвандони осебдидаи Тоҷикистонро зери назорати пайваста қарор доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба имзо расид.
25 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
РӮЙДОДҲО:
25 январи соли 2001 Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
***
11 сол пеш, 25 январи соли 2010 бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири вақти корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ барои иштирок дар кори Саммити минтақавии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба шаҳри Истанбули Туркия сафар кард.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев як гурӯҳ фаъолони марказҳои фарҳангӣ, аз ҷумла, 2 нафар тоҷиконро «барои саҳмгузорӣ дар таҳкими дӯстии байналмилалӣ ва ризоият дар ҷумҳурӣ» бо ордену медалҳо сарфароз гардонид.
***
5 сол пеш, 25 январи соли 2016 дар Амстердам Маркази Аврупо оид ба мубориза бо терроризм ифтитоҳ гардид.
***
25 январи соли 1924 дар шаҳри Шамони Франсия маросими кушодашавии аввалин Бозиҳои олимпии зимистона баргузор гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …
Соли 1908 дар Боку аввалин маротиба намоиши операи «Лайлӣ ва Маҷнун» барпо гардид.
***
Соли 1949 аввалин маротиба маросими ҷоизасупории телевизиони америкоии «Эмми» гузаронида шуд.