14 неруи амниятӣ ба асари таркиш дар Нангарҳори Афғонистон ҷон бохтанд

Февраль 1, 2021 10:13

ДУШАНБЕ, 01.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ин таркиш субҳи  31.01.2021с. дар минтақаи Гандумаки вулусволи Шерзоди вилояти Нангарҳори Афғонистон бо истифода аз автомашинаи муҷаҳҳаз бо маводи тарканда рух додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Дар ҳамлаи террористӣ бо истифода аз автомашинаи бомбагузоришуда ба як посгоҳи неруҳои амниятӣ дар вулусволи Шерзоди вилояти Нангарҳор ҳашт тан аз неруҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҷон бохтанд.

Дар хабарномаи маъмурияти волии Нангарҳор изҳор шудааст, ки ин инфиҷор субҳи рӯзи гузашта дар минтақаи Гандумаки вулусволи Шерзоди вилояти Нангарҳор бо истифода аз автомашинаи муҷаҳҳаз бо маводи тарканда рух додааст.

Оятуллоҳ Хугиёнӣ, сухангӯи волии Нангарҳор, гуфт: «Дар ин ҳодиса ҳашт сарбози мо ба шаҳодат расиданд ва инчунин таркиш талафоти бузурги молӣ низ ба бор овардааст».

Насируллоҳ Софӣ, фармондеҳи неруҳои тартиботи ҷамъиятӣ дар шарқ гуфт: «Дар ин ҳамлаи террористӣ автомашинаи дорои маводи таркандаро як маргталаб дар назди посгоҳи амниятӣ тарконидааст».

Убайдуллоҳ Шинворӣ, муовини раиси Шӯрои вилояти Нангарҳор ба TOLOnews гуфтааст, ки дар натиҷаи таркиш 14 корманди амниятӣ ҷон бохтаанд.

Толибон масъулияти ин инфиҷорро бар дӯш гирифта ва иддао кардаанд, ки неруҳои амниятӣ талафоти ҷиддӣ дидаанд.

Февраль 1, 2021 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд