ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ: 19 феврал Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии содирот, Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ доир менамоянд

Февраль 18, 2021 08:30

ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  19 феврал оид ба ҷамъбасти соли 2020 Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Вазорати молия соати 09:00 дар маҷлисгоҳи вазорат ва нишасти Вазорати рушди иқтисод ва савдо соати 10:00 дар вазорати  мазкур баргузор мешаванд.

Агентии содирот соати 10:00 нишасти матбуотиро дар Агентии мазкур ва Вазорати корҳои дохилӣ соати 11:00 дар ин вазорат баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Маркази миллии тестӣ соати 14:00 дар  бинои ин ниҳод  доир мешавад.

Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2020 аз 1 феврал оғоз гардида, 19 феврал ҷамъбаст мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ аз 15 сентябри соли 2011 гузаронида мешаванд.

Февраль 18, 2021 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд