ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ: 19 феврал Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии содирот, Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ доир менамоянд
ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 19 феврал оид ба ҷамъбасти соли 2020 Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Вазорати молия соати 09:00 дар маҷлисгоҳи вазорат ва нишасти Вазорати рушди иқтисод ва савдо соати 10:00 дар вазорати мазкур баргузор мешаванд.
Агентии содирот соати 10:00 нишасти матбуотиро дар Агентии мазкур ва Вазорати корҳои дохилӣ соати 11:00 дар ин вазорат баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Маркази миллии тестӣ соати 14:00 дар бинои ин ниҳод доир мешавад.
Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2020 аз 1 феврал оғоз гардида, 19 феврал ҷамъбаст мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ аз 15 сентябри соли 2011 гузаронида мешаванд.








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






