Аз 20 то 23 феврал дар Тоҷикистон ҳаво номусоид шуда, боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 23 феврали имсол дар ҷумҳурӣ ҳаво якбора номусоид шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ барф меборад. 21-23 феврал дар баъзе ноҳияҳо бориш шиддат гирифта, ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-10 дараҷа паст мешавад. Дар ин бора сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
19 феврал дар қисми зиёди ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазъи ҳаво тағйир ёфта, охири рӯз дар баъзе ноҳияҳои ҷудогона боридани борон дар назар дошта шудааст.
20, 21 ва 22 феврал дар қисми зиёди водиҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, борон ва дар доманакӯҳҳо борон ба барф мубаддал мегардад. Дар ин рӯзҳо дар натиҷаи бориши гуногун ҳарорат паст шуда, рӯзона ҳаво 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд низ аз 20 то 22 феврал дар натиҷаи бориш ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ бориш шиддат гирифта, ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳавои аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм пешбинӣ шудааст.
Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадашон 20, 21 ва 22 феврал ҳаво абрнок шуда, дар ғарби вилоят борон, барф ва дар қисмати шарқӣ асосан барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар минтақаи ғарбии ВМКБ аз 1-6 то 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе 20-22 феврал ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ҳолатҳо шиддат гирифтани борон дар назар буда, ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.








АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад






