Аз 20 то 23 феврал дар Тоҷикистон ҳаво номусоид шуда, боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф пешгӯӣ мешавад

Февраль 18, 2021 15:02

 ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Аз  20 то 23 феврали имсол дар ҷумҳурӣ ҳаво якбора номусоид шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ барф меборад. 21-23 феврал дар баъзе ноҳияҳо бориш шиддат гирифта, ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-10 дараҷа паст мешавад. Дар ин бора сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

19 феврал дар қисми зиёди ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазъи ҳаво тағйир ёфта, охири рӯз дар баъзе ноҳияҳои ҷудогона боридани борон дар назар дошта шудааст.

20, 21 ва 22 феврал дар қисми зиёди водиҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, борон ва дар доманакӯҳҳо  борон ба барф мубаддал мегардад. Дар ин рӯзҳо дар натиҷаи  бориши гуногун ҳарорат паст шуда, рӯзона ҳаво 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд низ аз 20 то 22 феврал дар натиҷаи бориш  ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ бориш шиддат гирифта, ҳаво дар водиҳо  шабона  3+8 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳавои аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм пешбинӣ шудааст.

Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадашон 20, 21 ва 22 феврал ҳаво абрнок шуда, дар ғарби вилоят борон, барф ва дар қисмати шарқӣ асосан барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар минтақаи ғарбии  ВМКБ аз 1-6 то 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе 20-22 феврал ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ҳолатҳо шиддат гирифтани борон дар назар буда, ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 18, 2021 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон