Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 таҳия мегардад

Февраль 26, 2021 11:10

ДУШАНБЕ, 26.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба тарбия ва маърифати экологӣ доир шуд, ки дар он «Барномаи давлатии комплексии  рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» натиҷагирӣ гардид. Дар  ҷаласа бо назардошти таклифу пешниҳодҳои аъзои комиссия қарорҳои дахлдор қабул гардида, барои Барномаи нави давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 вазифаҳои навбатӣ гузошта шуданд.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Раиси Комиссия-муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода оид ба амалишавии нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015 тасдиқ шудааст, ибрози назар намуда, гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, тарбияи ҳуқуқию маърифатнокии аҳолӣ, фаъолияти самараноки соҳаҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Сол то сол масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва бехатарии экологии аҳолӣ, аз ҷумла беҳдошти вазъи муҳити зист, рушди энергияи «сабз», истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, сарсабзу хуррамгардонии шаҳру диёр, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоссаи мақомоти давлатию фаъолони ҷомеаро талаб менамояд.

Ҳамзамон дар ҷаласа доир ба масъалаи баррасишуда ҳисоботи  Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ  Латофат Назирӣ, муовинони раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон шунида шуд.

Февраль 26, 2021 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад