Дар ҳамлаи «Толибон» дар Лугар нуҳ неруи хезиши мардумӣ кушта шуд

Февраль 25, 2021 09:22

ДУШАНБЕ, 25.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Як манбаи амниятӣ 23 феврали соли 2021 ба Ariana News гуфтааст, ки ҷангҷӯёни “Толибон” (мамнуъ дар Тоҷикистон) як шаб пеш дар минтақаи Ҳисораки Пули Алам, маркази вилояти Лугари Афғонистон ба як посгоҳи неруҳои хезиши мардумӣ ҳамла карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи иттилоотии Ariana News.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ин рӯйдод 9 нафар аз ин неруҳои хезиши мардумӣ кушта ва як тани дигар захмӣ шудааст.

Манбаъ афзудааст, ки посгоҳ ба дасти “Толибон”  афтодааст ва тамоми аслиҳа ва муҳимоти онро ҷангиён бо худ бурдаанд.

“Толибон” низ дар эъломияе масъулияти ҳамла ба ин посгоҳ ва куштори неруҳои хезиши мардумиро бар дӯш гирифтанд.

Февраль 25, 2021 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд