Дар Аврупо ҷинояткорон шаҳодатномаҳои қалбакии озмоиши тестии COVID-19-ро ба фурӯш гузоштаанд

Февраль 3, 2021 10:55

ДУШАНБЕ, 03.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳоле ки маҳдудияти вобаста ба пандемия дар мавриди сафарҳо амал мекунанд, ҷинояткорон бо истифода аз фурсат шаҳодатномаҳои қалбакии озмоиши тестии COVID-19-ро дар кишварҳои аврупоӣ таҳия ва мефурӯшанд, иттилоъ медиҳад Euronews.

Тибқи иттилои Европол, аллакай чанд воқеаи аз тариқи интернет ва чатҳо ба сайёҳон фурӯхтани шаҳодатномаҳои қалбакии санҷиши тестӣ ҷиҳати муайян намудани коронавирус ошкор карда шудааст.

Ҷиҳати таҳияи шаҳодатномаҳои қалбакӣ ҷинояткорон аз принтерҳои баландсифат ва нармафзорҳои гуногун истифода мебаранд. Дар натиҷа асноди қалбакиро аз нусхаи аслӣ фарқ кардан қариб ғайриимкон аст.

Дар Британияи Кабир қаллобон шаҳодатномаҳои қалбакиро бо қимати 100 фунт пешниҳод мекунанд, дар Испания ин хидмат 40 евро арзиш дорад.

                                        АКС: cкриншот аз видеои Euronews

Февраль 3, 2021 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд