Дар автомашинаи раиси дафтари Вазири давлат дар умури сулҳ дар Кобул таркиш рух дод

Февраль 1, 2021 09:12

ДУШАНБЕ, 01.02.2021 /АМИТ «Ховар»/ Пулиси Кобули Афғонистон мегӯяд, ки субҳи имрӯз як мошини Land Cruiser дар минтақаи Чорроҳаи шаҳиди ноҳияи даҳуми Кобул дар  минаи канори шоҳроҳ таркид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Масъулони амниятӣ имрӯз (душанбе, 1 феврал) гуфтанд, ки автомашинаи Хушнуд Набизода, раиси дафтари Саъодат Мансур Нодирӣ, вазири давлат дар умури сулҳ, таркидааст.

Полиси Кобул мегӯяд, ки субҳи имрӯз як Land Cruiser дар мавзеи Чорроҳаи шаҳиди ноҳияи даҳуми Кобул ҳадафи минаи канори шоҳроҳ қарор гирифт. Аммо ба гуфтаи пулис, ин инфиҷор хисороту талафоти ҷонӣ надоштааст.

Наздикони Набизода мегӯянд, ки ҳангоми таркиш ҷаноби Набизода, ду фарзандаш ва ронандаи онҳо дар мошин буданд, аммо ба онҳо осеб нарасидааст.

То акнун ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла “Толибон” (мамнуъ дар Тоҷикистон), масъулияти таркишро ба уҳда нагирифтааст.

Февраль 1, 2021 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд