Дар Душанбе ҷаласаи комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон баргузор гардид

Февраль 12, 2021 11:30

ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳамадраҳим Юсуфӣ ҷаласаи комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон  баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа намояндагон ва масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии ҷангал,  Муассисаи давлатии Институти илмӣ-таҳқиқотии гидроэнергетика ва мелиоратсияи Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар рӯзномаи иҷлосия-нақшаи чорабиниҳои Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, Тасдиқи нақшаи кори аъзо ва Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021,  Рафти иҷрои Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2020 «Дар бораи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии асари беҳтарин дар мавзўи экология», тасдиқи гурӯҳҳои кори Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасии аъзои комиссияи экологӣ қарор гирифтанд.

Аз рӯи масъалаҳои рӯзнома муовини раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Фазлиддин Икромов  оид ба иҷрои қарори  Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2020 ва Озмуни ҷумҳуриявии “Асари беҳтарин дар мавзӯи экология” иброз намуд, ки  вазифаи Комиссияи экологӣ дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – дастгирӣ ва тақвияти сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши масоили экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, паст кардани шиддати таъсири пайомадҳои тағйирёбии вазъи экологӣ арзёбӣ гардида, дар ин самт таҳлили мунтазами  вазъи экологӣ, таҳлили қонунгузории соҳа, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда ва ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо сохторҳои давлатию ҷамъиятии соҳа ва ташкилоти байналмилӣ дар сатҳи зарурӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо комиссия ва сохторҳои марбутаи парламентҳои давлатҳои хориҷӣ, гузаронидани озмуни нашри асари беҳтарин дар мавзўи экология ва ҳифзи муҳити зист муайян гардидааст.

Фазлиддин Икромов ҳамчунин иброз намуд, ки вобаста ба муҳим будани вазъи экологии сайёра дар таъмини шароиту сатҳи зиндагии аҳли башар, аз  ҷумла дар ҷумҳурии мо бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2020 ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тарғиби сиёсати давлатӣ дар соҳаи экология, инъикоси воқеъбинонаи масоили экологӣ, ҷалби гурўҳҳои эҷодӣ, олимон, журналистон, коршиносон, мутахассисон ва доираи васеи ҷомеаи шахрвандӣ ба ҳифзи манфиатҳои давлатӣ Озмуни ҷумҳуриявии “Асари беҳтарин дар мавзўи экология эълон гардид. Озмуни мазкур аз 1 июли соли 2020 то 1 июни соли 2021 дар як давр гузаронида, ҷамъбаст карда мешавад. Шартҳои озмуни ҷумҳуриявӣ  аз ҷониби Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, тавассути рўзномаи “Садои мардум”, сомонаҳои интернетии www/parlament.tj,  www. ecomission.tj  ва дигар сомонаҳои  идоравӣ паҳн гардиданд.

Ҳайати комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» (минбаъд комиссия) бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ  шудааст.

Озмун дар як давр аз моҳи июни соли 2020 то моҳи июни 2021 гузаронида мешавад.

Шартҳои озмун: Иштирокчиён асару мақолаҳо, инчунин нигориш, филм, реклама, асари илмии худро оид ба масоили мухталифи ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим, обшавии бесобиқаи пиряхҳо, раванди татбиқи энергияи сабз, истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои об, замин, олами набототу ҳайвонот ва дигар масъалаҳои экологии аз нигоҳи ҳифзи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намуда, дар воситаҳои ахбори омма интишор менамоянд.

Дар Озмун шаҳрвандон, аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ ё гурӯҳи эҷодӣ, олимону коршиносон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ ва кор мекунанд, иштирок карда метавонанд.

Ба  Озмун асару мақолаҳо метавонанд бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод гарданд. Шумораи асару мақолаҳои ба озмун пешниҳодшаванда маҳдуд карда намешавад.

Иштироккунанда ба комиссияи Озмун ариза, ки дар он ному насаб, суроға, рақами телефон ва маълумот оид ба нашри асару мақолаҳо дар воситаҳои ахбори омман ишон додашудааст, пешниҳод менамояд. Ба ариза нусхаи мақола дар андозаи А4, шрифти Times New RomanTj 14 замима карда мешавад. Нусхаи электронии мақола ба суроғаи почтаи электронии e.r.ekologi@yandex.ru, ва  sadoimardum@yandex.ru ирсол карда мешавад.
Ҳаҷми асар маҳдуд карда намешавад.

Ҳаҷми асар маҳдуд карда намешавад.

Аъзои комиссия ҳангоми баррасии асару мақола, нигориш, филм, реклама, асари илмӣ ба моҳият, мазмун, рӯзмарра будани масъалаҳои дар он дарҷгардида ва мувофиқатии он ба ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ба чоп расидани он дар нашриёти маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ, берун аз он ва вокуниши хонандагон ба он аҳамият медиҳанд.

Ғолибони Озмун баъди омӯзиши пурра бо овоздиҳии аз нисф зиёди аъзои Комиссия ба тарафдории номзадҳо муайян карда мешаванд.

Комиссияи Озмун ҷаласаи худро дар муҳлати 5 рўзи корӣ, баъд аз анҷоми озмун доир намуда, натиҷаҳои он барои тасдиқ ба Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Ғолибони Озмун дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Барои иштирокчиёни фаъоли Озмун, ки асарҳои онҳо аз ҷониби Комиссия қайд мегарданд, туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешаванд.

Дар фарҷом Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Февраль 12, 2021 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сокинони шаҳри Ҳисор нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ расонида шуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар кори иҷлосияи 148-уми Ассамблеяи парлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Муттаҳид дар Женева иштирок намуд
Вакилони мардумӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин мулоқот намуданд
Тадбирҳои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ пешниҳод гардиданд
Дар Душанбе вазъ ва дурнамои ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Гурҷистон баррасӣ шуд
Рустами Эмомалӣ ба Валентина Матвиенко ва Вячеслав Володин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
БАР ЗИДДИ ИФРОТГАРОИВУ ТЕРРОРИЗМ САРҶАМЪОНА МУБОРИЗА БАРЕМ. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
САРМОЯИ ИНСОНӢ. Рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳамияти аввалиндараҷа дорад
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Модар пуршукуҳ таҷлил гардид
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН. 8 зан аъзои Маҷлиси миллӣ ва 16 нафар вакили Маҷлиси намояндагон мебошанд
Дар Душанбе бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор гардид