Дар Маҷлиси намояндагон мулоқоти вакилон бо Сафири Фаластин доир шуд

Февраль 26, 2021 16:00

ДУШАНБЕ, 26.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вакилони Парлумон, узви Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин Зоир Раҳмонзода, Ғиёсиддин Маҳмадмуродзода ва Ғайрат Азизов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исса мулоқот намуданд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар мулоқот иброз гардид, ки ҳамкорӣ ва  муносибатҳо  миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Фаластин дар ҳоли рушд қарор доранд. Тоҷикистон ба густариши ин ҳамкорӣ  таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Раиси гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин Зоир Раҳмонзода иброз намуд, ки Тоҷикистон чун субъекти мустақил ва баробарҳуқуқи низоми навини робитаҳои байналмилалӣ имрӯз бо 178 кишвари ҷаҳон,  аз ҷумла бо Давлати Фаластин робитаҳои дипломатӣ ба роҳ монда, муносибатҳояшро бо он дар сиғаи дуҷониба ва чорчӯбаи созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ  фаъолона пеш мебарад. Муносибатҳои Тоҷикистон ва Фаластин бар пояи устувори таърихӣ такя мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ байни Тоҷикистон ва Фаластин робитаҳои дӯстиву ҳамкорӣ барқарор гардида буданд.

Зикр гардид, ки новобаста аз вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва буҳронҳои зиёди иҷтимоиву молиявии ҷаҳонӣ, махсусан дар шароити паҳншавии вазъи манфии эпидемиологӣ дар ҷаҳон, пеш аз ҳама, пандемияи COVID-19 дар кишвари мо соли сипаригашта ду чорабинии муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва хосса, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд.

Дар ин чорабиниҳои бузурги сиёсӣ, ки ояндаи дурахшони Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекарданд, мардуми шарифи кишвари мо бо истифода аз ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва фарҳанги волои сиёсии хеш фаъолона ширкат варзида, барои дар фазои озоду демократӣ баргузор гардидани онҳо саҳми арзанда гузоштанд.

Зоир Раҳмонзода иброз намуд, ки “имрӯз дар Парлумони мо намояндагони шаш ҳизби сиёсӣ фаъолият менамоянд. Бо мақсади густариши робитаҳои дуҷониба миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷаҳумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин амал мекунад. Аз ин рӯ, мо омодагии худро баҳри таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ ва рушди робитаҳои байнипарлумонӣ таъкид менамоем”.

 

Февраль 26, 2021 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид