Дар як шабонарӯз панҷ тан дар террорҳои ҳадафманд дар Кобул ҷон бохтанд

Февраль 2, 2021 09:49

ДУШАНБЕ, 02.02.2021 /АМИТ «Ховар»/ Дар шабонарӯзи гузашта дар ҳамлаҳои террористии ҳадафноки силоҳбадастон дар Кобул панҷ тан кушта ва ду нафари дигар захмӣ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Аз ҷумла, субҳи рӯзи душанбе (01.02.2021) нафарони мусаллаҳ як корманди амнияти миллиро дар ҳудуди ноҳияи панҷуми амниятии Кобул ба қатл расониданд.

Дар ҳамин ҳол, силоҳбадастони ношинос шаби гузашта Нурзамон Нуристонӣ ва Муҳаммад Алам Нуристонӣ — муҳофизони Юсуф Нуристониро дар ҳавзаи панҷумин минтақаи амниятии Кобул куштанд.

Наздикони Юсуф Нуристонӣ мегӯянд, ки ӯ дар Амрико зиндагӣ мекунад ва муҳофизонаш ҳангоми аз мактаби шабона ба хона баргаштан мавриди ҳамлаи силоҳбадастони номаълум қарор гирифтанд ва ҷон бохтанд.

Нимаи дуюми рӯз дар ҳудуди ноҳияи 12-уми Кобул ду нафар бошандагони вилояти Пактиё, ки гуфта мешавад ғайринизомиён буданд, кушта шуданд.

Сайид Маруф, як сокини Кобул, гуфт: «Мо садои тирро шунидему ба ҷойи ҳодиса рафтем ва дидем, ки шахси дар пеш буда аз бағалаш ва дувумин аз сараш шаш тир хӯрдааст».

Инчунин полиси Кобул дар як хабарномааш қайд кардааст, ки  01 феврали соли ҷорӣ дар минтақаи Ҷангалаки ноҳияи ҳафтуми Кобул автомашинаи неруҳои артиш тарконида шудааст, ки дар натиҷа ду нафар ҷон бохтанд ва як тани дигар захмӣ шудааст.

Кишварҳои ҷаҳон дирӯз аксари кушторҳои ҳадафмандонаро ба “Толибон” (мамнуъ дар Тоҷикистон) алоқаманд донистанд. Сафири Япония дар Кобул изҳор кардааст, ки афзоиши кушторҳои ҳадафманд дар Кобул ҷиддӣ аст ва бояд ҳарчи зудтар қатъ карда шавад.

«Ман фикр мекунам ин як масъалаи ҷиддӣ аст» гуфтааст сафири Япония дар Кобул Такаси Окада. Кушторҳои мақсаднок ҳамарӯза рух медиҳанд ва онҳо бар зидди рӯзноманигорон, фаъолони ҳуқуқи башар, мансабдорони давлатӣ ва пешвоёни мазҳабӣ, ки унсурҳои муҳими ҷомеа мебошанд, равона шудаанд. Ин қатлҳои ҳадафмандона бояд хотима ёбанд».

Ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ҳамлаҳо ва кушторҳои рухдодаро ба уҳда нагирифтааст.

Февраль 2, 2021 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид