Гурӯҳи корӣ аз Гимназияи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар шаҳри Душанбе дидан намуд
ДУШАНБЕ, 11.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 10 феврал намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва зерсохторҳои он, аҳли илму адаб аз Гимназияи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дидан намуданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, намояндагон бо таълимгирандагони Гимназия ва ҳайати он мулоқоту суҳбатҳои муфид анҷом дода, бо шароити буду боши сарбозону афсарон ва курсантон шинос шуданд.
Муассисаи мазкур дорои китобхона, синфхонаҳои барҳавову алоҳидаи фаннӣ, толори варзишӣ ва ошхонаи замонавӣ мебошад. Хобгоҳи муассисаи таълимӣ низ бо шароити зарурӣ таъмин гардидааст. Дар Гимназия осорхонае таъсис дода шудааст, ки дар он намунаҳои сохти давлатдорӣ, аз ҷумла, лавозимоти ҳарбӣ, китобҳо ва расмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавҷуданд.
Ҳадаф аз баргузории вохўриҳо баланд бардоштани маърифати ҷавонон, эҳсоси ватандӯстӣ ва тақвияти садоқатмандии онҳо нисбат ба арзишҳои миллӣ ва Истиқлолу ваҳдат маънидод мешавад.
Зикр гардид, ки имрӯз ҳимояи марзу буми Тоҷикистон ва пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ба зиммаи афсарону сарбозон вогузор гардидааст. Барои иҷрои ин рисолат аскарони Ватан омодагии худро бояд пайваста тақвият диҳанд.
Таълимгирандагону кормандони гимназия барои иҷрои ин рисолат омодагии худро изҳор намуданд.










Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






