КАСЕ НЕСТ ҲОСИЛРО ҶАМЪ КУНАД. Вазорати кишоварзии ФР аз ҳукумат хоҳиш мекунад, ки вуруди тоҷикон ва ӯзбекҳоро ба Россия барои корҳои мавсимӣ иҷозат диҳад
ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати кишоварзии Федератсияи Россия аз Ҳукумати Россия хоҳиш кард, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ барои анҷоми корҳо дар саҳроҳои минтақаҳои гуногуни кишвар иҷозат бидиҳад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории «Sputnik».
Муовини сарвазир Виктория Абрамченко ба Вазорати меҳнат, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати кишоварзӣ супориш дод, ки масъалаи ҷалби коргарони хориҷиро барои иҷрои корҳои кишоварзӣ дар соли 2021 дида бароянд. Ташаббускори ҷалби муҳоҷирон ба соҳаи кишоварзии ватанӣ муовини якуми вазири кишоварзии Федератсияи Россия, раиси Шӯрои директорони ҶСК «Росагролизинг» Ҷамбулат Хатуов мебошад.
Аз мактуби ҷаноби Хатуов бармеояд, ки шаҳрвандони Россия («коргарон аз ҷумлаи аҳолии маҳаллӣ») дар муқоиса бо шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон «таҷрибаи дахлдор ва дониши ҳадди ақалли махсус надоранд». Ёдовар мешавем, ки сухан дар бораи корҳои мавсимии кишоварзӣ меравад. Дар ин бора 10 феврал РБК бо истинод ба нусхаи мактубе, ки дар идора мавҷуд аст, хабар дода буд.
Дар Вазорати кишоварзии Федератсияи Россия ба “Sputnik” гуфтанд, ки ҳоло ин масъала таҳти назорати доимии вазорат қарор дорад ва тадбирҳои иловагӣ, ки «ба муттасил гузаронидани корҳои мавсимии саҳроӣ, ба шумули таъмини захираҳои меҳнатӣ» равона карда шудаанд, коркард мешаванд.
Хабар дода шуд, ки соли 2020 дар шароити баста шудани сарҳадҳо ба сабаби пандемия Вазорати кишоварзӣ норасоии неруи кориро аз ҳисоби мутахассисони дигар соҳаҳои иқтисодиёт ва ҷалби донишҷӯёни мактабҳои олии кишоварзӣ ҳал кард.
Дар айни замон масъалаи бо коргарон таъмин намудани соҳа яке аз масъалаҳои асосии бисёр минтақаҳои Федератсияи Россия мебошад.
«Мутобиқи маълумоти минтақаҳо, эҳтиёҷ ба неруи кории хориҷӣ тақрибан 38,2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва дар ҳамин ҳол 22,3 ҳазор нафар ё 58,4% ба вилоятҳои Волгоград ва Астрахан рост меояд», — зикр карданд дар Вазорати кишоварзии ФР.
Ин ба истеҳсоли анъанавии маҳсулоти сабзавотӣ бо истифодаи меҳнати дастӣ дар минтақаҳои ҷанубӣ вобаста аст. Бо дарназардошти чунин вазъият, идора талаботи ҳар субъектро ба захираҳои меҳнат таҳлил намуда, ба ҳукумат пешниҳод фиристод. Дар ҳамин ҳол, кишвари Краснодар 10 ҳазор муҳоҷири меҳнатии дорои ихтисосҳои сохтмонӣ дархост кардааст.
Пештар маълум шуд, ки Россия омода аст, ки 20 ҳазор муҳоҷири меҳнатиро аз Тоҷикистон интихоб ва қабул кунад. Дирӯз Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода низ зимни нишасти матбуотии ҳисоботӣ дар Душанбе гуфт, ки Тоҷикистон ва Россия дар бораи бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия фаъолона музокира мекунанд ва аз ҷумла, махзани сабти оморро мувофиқа менамоянд. Ба гуфтаи вай, соли гузашта беш аз 129,8 ҳазор нафар барои кор аз Тоҷикистон рафтанд, ки ин нисбат ба соли 2019 76% камтар аст.
АКС аз сомонаи zavtra.ru








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






