КАСЕ НЕСТ ҲОСИЛРО ҶАМЪ КУНАД. Вазорати кишоварзии ФР аз ҳукумат хоҳиш мекунад, ки вуруди тоҷикон ва ӯзбекҳоро ба Россия барои корҳои мавсимӣ иҷозат диҳад

Февраль 12, 2021 14:04

ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати кишоварзии Федератсияи Россия аз Ҳукумати Россия хоҳиш кард, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ барои анҷоми корҳо дар саҳроҳои минтақаҳои гуногуни кишвар иҷозат бидиҳад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории «Sputnik».

Муовини сарвазир Виктория Абрамченко ба Вазорати меҳнат, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати кишоварзӣ супориш дод, ки масъалаи ҷалби коргарони хориҷиро барои иҷрои корҳои кишоварзӣ дар соли 2021 дида бароянд. Ташаббускори ҷалби муҳоҷирон ба соҳаи кишоварзии ватанӣ  муовини якуми вазири кишоварзии Федератсияи Россия, раиси Шӯрои директорони ҶСК «Росагролизинг» Ҷамбулат Хатуов мебошад.

Аз мактуби ҷаноби Хатуов бармеояд, ки шаҳрвандони Россия («коргарон аз ҷумлаи аҳолии маҳаллӣ») дар муқоиса бо шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон «таҷрибаи дахлдор ва дониши ҳадди ақалли махсус надоранд». Ёдовар мешавем, ки сухан дар бораи корҳои мавсимии кишоварзӣ меравад. Дар ин бора 10 феврал РБК бо истинод ба нусхаи мактубе, ки дар идора мавҷуд аст, хабар дода буд.

Дар Вазорати кишоварзии Федератсияи Россия ба “Sputnik” гуфтанд, ки ҳоло ин масъала таҳти назорати доимии вазорат қарор дорад ва тадбирҳои иловагӣ, ки «ба муттасил гузаронидани корҳои мавсимии саҳроӣ, ба шумули  таъмини захираҳои меҳнатӣ» равона карда шудаанд, коркард мешаванд.

Хабар дода шуд, ки соли 2020 дар шароити баста шудани сарҳадҳо ба сабаби пандемия Вазорати кишоварзӣ норасоии неруи кориро аз ҳисоби мутахассисони дигар соҳаҳои иқтисодиёт ва ҷалби донишҷӯёни мактабҳои олии кишоварзӣ ҳал кард.

Дар айни замон масъалаи бо коргарон таъмин намудани соҳа яке аз масъалаҳои асосии бисёр минтақаҳои Федератсияи Россия мебошад.

«Мутобиқи маълумоти минтақаҳо, эҳтиёҷ ба неруи кории хориҷӣ тақрибан 38,2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва дар ҳамин ҳол 22,3 ҳазор нафар ё 58,4% ба вилоятҳои Волгоград ва Астрахан рост меояд», — зикр карданд дар Вазорати кишоварзии ФР.

Ин ба истеҳсоли анъанавии маҳсулоти сабзавотӣ бо истифодаи меҳнати дастӣ дар минтақаҳои ҷанубӣ вобаста аст. Бо дарназардошти чунин вазъият, идора талаботи ҳар субъектро ба захираҳои меҳнат таҳлил намуда, ба ҳукумат пешниҳод фиристод. Дар ҳамин ҳол, кишвари Краснодар 10 ҳазор муҳоҷири меҳнатии дорои ихтисосҳои сохтмонӣ дархост кардааст.

Пештар маълум шуд, ки Россия омода аст, ки 20 ҳазор муҳоҷири меҳнатиро аз Тоҷикистон интихоб ва қабул кунад. Дирӯз Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода низ зимни нишасти матбуотии ҳисоботӣ дар Душанбе гуфт, ки Тоҷикистон ва Россия дар бораи бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия фаъолона музокира мекунанд ва аз ҷумла, махзани сабти оморро мувофиқа менамоянд. Ба гуфтаи вай, соли гузашта беш аз 129,8 ҳазор нафар барои кор аз Тоҷикистон рафтанд, ки ин нисбат ба соли 2019 76% камтар аст.

АКС аз сомонаи  zavtra.ru

Февраль 12, 2021 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид