Корвони автомашинаҳои неруҳои амнияти миллӣ дар шаҳри Ҷалолободи Афғонистон ҳадафи ҳамла қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Корвони автомашинаҳои қисми 02 неруҳои амнияти миллии Афғонистон нимаи дуюми рӯзи панҷшанбе, 11 феврал дар ҳудуди ноҳияи чоруми шаҳри Ҷалолобод ҳадафи ҳамлаи ифротгароён қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи иттилоотии Ariana News.
Дафтари матбуоти вилояти Нангарҳори ҶИА изҳор кардааст, ки як автомашинаи марбут ба неруҳои махсуси амнияти миллӣ дар натиҷаи таркиш оташ гирифт ва ду сарбоз маҷрӯҳ шуданд.
Аммо як манбаи амният, ки нахост номаш ифшо шавад, ба Ariana News гуфтааст, ки дар натиҷаи таркиш як сарбози амнияти миллӣ кушта ва чаҳор нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
То ҳол ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳодисаро ба дӯш нагирифтааст.








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






