Мавсума Муинӣ: Паёми Президенти Тоҷикистон пайғоми пурнишот ва муждаи созанда дар роҳи пурифтихори рушди давлатдории тоҷикон аст
ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар низоми муосири давлатдории мо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, яке аз роҳҳои ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он дарбаргирандаи барномаи мукаммали кори тамоми ниҳодҳо арзёбӣ мегардад. Паём сухани самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар ҳамватан, пайғоми пурнишот барои насли имрӯзу фардо ва муждаи созанда дар роҳи пурифтихори рушди давлатдории тоҷикон мебошад. Ин нуктаро имрӯз зимни мулоқот оид ба ҳадафу моҳияти Паёми Президенти мамлакат, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо рӯзноманигорон ва кормандони соҳаи телевизиону радио баргузор гардид, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ баён намуд.
Мавсуф зикр намуд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихист, зеро он тараққиёту пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илму фарҳанг ва сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва вазифаҳои минбаъдаи давлату ҳукумати мамлакатро барои як сол ва солҳои оянда мушаххас намудааст.
Мавриди зикр аст, ки 26 январи соли равон Паёми навбатии Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, ки аз ҷониби сокинони мамлакат ҳамовозии зиёд пайдо намуд. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Пешвои миллат дар муассисаву ташкилот ва шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт вохўриҳои судманди роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сокинону кормандон ва хизматчиёни корхонаву муассисаҳо баргузор гардида истодаанд.
Дар мулоқоти имрӯза ба ҳайати корӣ муовини раиси Кумитаи телевизон ва радио Дилафрӯз Рустамзода, сардори Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Хушбахт Шарифзода ва мудири шуъбаи дин, танзиму анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдуалим Норасов шомил буданд.
Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки «бо роҳнамоӣ ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати мо дар ҳоли рушду шукуфоист. Паёми имсолаи Пешвои миллат ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ рост омадааст. Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки ба пешвози ин ҷашни бузург ва ҷиҳати татбиқ ва иҷро намудани нуктаҳои муҳими Паём дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа корҳо дар ҳоли рушд буда, созандагию ободкориҳо дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон идома доранд».
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки аз 1 январи соли равон дар мамлакат ягон ҳолати сироятёбӣ аз бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Аз ин рӯ аз кормандони радио ва телевизон даъват ба амал оварда мешавад, ки тариқи садо ва симо мардуми мамлакатро аз пешгирии интиқол ва сирояти ин бемории ҳамагир огоҳ намоянд.
Дар мулоқот иштирокчиён фикру андешаи худро нисбат ба Паёми Президенти мамлакат ва дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат баён намуданд.








Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид






