Мавсума Муинӣ: Паёми Президенти Тоҷикистон пайғоми пурнишот ва муждаи созанда дар роҳи пурифтихори рушди давлатдории тоҷикон аст

Февраль 16, 2021 14:37

ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар низоми муосири давлатдории мо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, яке аз роҳҳои ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он дарбаргирандаи барномаи мукаммали кори тамоми ниҳодҳо арзёбӣ мегардад. Паём сухани самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар ҳамватан, пайғоми пурнишот барои насли имрӯзу фардо ва муждаи созанда дар роҳи пурифтихори рушди давлатдории тоҷикон мебошад. Ин нуктаро имрӯз зимни мулоқот оид ба ҳадафу моҳияти Паёми Президенти мамлакат, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо рӯзноманигорон ва кормандони соҳаи телевизиону радио баргузор гардид, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ баён намуд.

Мавсуф зикр намуд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихист, зеро он  тараққиёту пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илму фарҳанг ва сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва вазифаҳои минбаъдаи давлату ҳукумати мамлакатро барои як сол ва солҳои оянда мушаххас намудааст.

Мавриди зикр аст, ки 26 январи соли равон  Паёми навбатии Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, ки аз ҷониби сокинони мамлакат ҳамовозии зиёд пайдо намуд. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Пешвои миллат дар муассисаву ташкилот ва шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт вохўриҳои судманди роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сокинону кормандон ва хизматчиёни корхонаву муассисаҳо баргузор гардида истодаанд.

Дар мулоқоти имрӯза ба ҳайати корӣ муовини раиси Кумитаи телевизон ва радио Дилафрӯз Рустамзода, сардори Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  Хушбахт Шарифзода ва мудири шуъбаи дин, танзиму анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдуалим Норасов  шомил буданд.

Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки «бо роҳнамоӣ ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати мо дар ҳоли  рушду шукуфоист. Паёми имсолаи Пешвои миллат ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ рост омадааст. Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки ба пешвози ин ҷашни бузург ва ҷиҳати татбиқ ва иҷро намудани нуктаҳои муҳими Паём дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа  корҳо дар ҳоли рушд буда, созандагию ободкориҳо дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон идома доранд».

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки аз 1 январи соли равон дар мамлакат ягон ҳолати сироятёбӣ аз бемории COVID-19  ба қайд гирифта нашудааст. Аз ин рӯ аз кормандони радио ва телевизон даъват ба амал оварда мешавад, ки тариқи садо ва симо мардуми мамлакатро аз пешгирии интиқол ва сирояти ин бемории ҳамагир огоҳ намоянд.

Дар мулоқот иштирокчиён фикру андешаи худро нисбат ба Паёми Президенти мамлакат ва дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат баён намуданд.

Февраль 16, 2021 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе аз кӯчаҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ карда мешавад
DITE-2025. Бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ Душанбе ба маркази сайёҳии минтақа табдил меёбад
Дар Душанбе 37 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбияи аввалия фаро гирифта шудаанд
15 июл иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Дар Душанбе 47 майдончаи тандурустиву солимгардонӣ ташкил гардидааст
ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ. Мусобиқаи футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаи фарҳангӣ доир мешавад
Дилбар Одилзода: «Ваҳдати миллӣ ва рушди зан дар Тоҷикистон ду раванди бо ҳам пайвастанд»
Раиси шаҳри Душанбе бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуданд
Рустами Эмомалӣ роҳи мошингарди кӯчаи Бухоро пайваст ба кӯчаи Ҳабибулло Назаровро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Шайх Сурур бин Муҳаммад Оли Наҳён мулоқот намуданд