МУЪҶИЗАИ ЧИНОӢ. Си Ҷинпин пирӯзии комилро бар камбизоатии мутлақ дар Чин эълон кард
ДУШАНБЕ, 25.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин (ДАР АКС) эълон карод, ки Чин дар мубориза бо камбизоатӣ пирӯзии комил ба даст овард. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии «Синхуа» хабар медиҳад, дар ин бора ӯ имрӯз, 25 феврал, зимни суханронӣ дар ҳамоиш бахшида ба натиҷаҳои мубориза бо камбизоатӣ иброз дошт.
Ба гуфтаи роҳбари Чин, дар тӯли ҳашт соли охир тақрибан 100 миллион нафар дар ин кишвар тавонистанд аз сатҳи камбизоатӣ бароянд.
«Ба туфайли саъю кӯшиши якҷояи Ҳизби коммунистӣ ва халқи Чин мо дар мубориза ба муқобили камбизоатӣ ғалабаи комил ба даст овардем», — гуфт Раиси ҶМЧ.
Ӯ инчунин зикр кард, ки тайи солҳои охир 98,99 миллион нафар сокинони деҳот аз сатҳи камбизоатӣ бароварда шуданд.
Илова бар ин, ӯ хабар дод, ки 832 шаҳристон ва 128 ҳазор деҳа аз рӯйхати минтақаҳои камбизоати Чин хориҷ карда шуданд.
Си Ҷинпин инчунин гуфт, ки дар тӯли 8 соли охир Чин 70% дар муборизаи ҷаҳонӣ бар зидди камбизоатӣ саҳм гузоштааст.
«Бо чунин муваффақиятҳо Чин мӯъҷизаи дигаре эҷод кард, ки дар таърих боқӣ хоҳад монд», — изҳор дошт Си Ҷинпин.
Ба гуфтаи ӯ, вазифаи душвори бартараф кардани камбизоатӣ ҳал шудааст ва «камбизоатӣ дар миқёси минтақавӣ бартараф гардидааст» ва аз ҳама муҳимаш, ин дар арафаи 100-солагии таъсиси Ҳизби коммунистии Чин, ки 23 июл ҷашн гирифта мешавад, ба даст омадааст.
Бояд тазаккур дод, ки бори аввал Си Ҷинпин ғояи коҳиши мақсадноки камбизоатиро ҳанӯз соли 2013 зимни сафари санҷишӣ ба музофоти Хунан дар маркази Чин эълон карда буд.
Аз оғози сиёсати ислоҳот ва бози Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки аз охири солҳои 70-уми асри гузашта амалӣ мешавад, 770 миллион сокини деҳот аз камбизоатӣ раҳо карда шуданд.
АКС аз «Синхуа»








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






