Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанзода дар кори ҷаласаи ҳамоҳангсозии Ассамблеяи Парлумонии СААД иштирок намуд

Февраль 18, 2021 15:29

ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи ҳамоҳангсозии  Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ  таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, ки ҳамзамон роҳбарии ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи Парлумонии САҲА-ро низ ба уҳда дорад, дар реҷаи фосилавӣ (видеоконференсия) баргузор гардид. Дар кори он намояндагони ҷумҳуриҳои аъзои СААД –Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия иштирок намуданд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Иштирокчиёни ҷаласа нахуст рӯзномаи кориро бо масъалаҳои зерин: «Дар бораи ҳамоҳангсозии фаъолияти сиёсати хориҷии ҳайатҳои парлумонии кишварҳои узви СААД дар Ассамблеяи Парлумонии САҲА», Оид ба масъалаҳои иҷлосияи 20-уми зимистонаи АП  САҲА (24-26 феврали 2021) ва табодули афкор оид ба масъалаҳои мубрам», «Дар бораи тавсияҳо оид ба ҳамоҳангсозии амалҳои ҳайатҳои парлумонии кишварҳои узви СААД дар ташкилоти байналмилалии парлумонӣ» ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода дар ҷаласаи фосилавии  ҳамоҳангсозии  Ассамблеяи Парлумонии СААД иброз намуд, ки «Тоҷикистон кӯшишҳои муштараки кишварҳои узвро, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи Ассамблеяи Парлумонии СААД нигаронида шудаанд, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Мо итминон дорем, ки рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманди мо кумаки ҷиддӣ на танҳо дар самти рушди иҷтимоию иқтисодӣ, балки воситаи боэътимоди таъмини субот ва таъмини амният дар соҳаи масъулияти Созмон мебошад».

Маҳмадалӣ Ватанзода ҳамчунин иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол раисиро дар СААД ба уҳда гирифт ва ба ин васила, ҳайати мо иродаи раисони парлумонҳои кишварҳои СААД-ро дар самти идомаи амалияи мулоқотҳои мунтазами роҳбарони ҳайатҳо дар ҳошияи ҷаласаҳои САҲА иҷро менамояд.

«Бо дарназардошти он ки формати ҷаласаҳои зимистонаи АП  САҲА овоздиҳӣ дар бораи қарорҳо ё қабули ягон маърӯзаро пешбинӣ намекунад, мо имрӯз дар ин ҷо ҷамъ омадаем, то нуқтаи назари умумиро оид ба мавзӯъҳои пешниҳодшудаи ҳисоботи кумитаҳои САҲА муҳокима намоем.

Инчунин ман ба шумо, ҳамкасбони азиз иттилоъ медиҳам, ки маълумот дар бораи мулоқоти мо бо шумо ва   кори ҳайатҳои мо, дар сессияи зимистонаи имсола ва натиҷаҳои он ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии СААД, ки охири моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад,  дохил карда мешавад»,-гуфт Маҳмадалӣ Ватанзода.

Тоҷикистон барои татбиқи барномаҳо ва стратегияҳои СААД пайваста талош меварзад ва барои амалӣ намудани қарорҳо оид ба таъмини дастгирии ташкилӣ ва ҳуқуқии Созмон тадбир меандешад.

-Изҳори итминон мекунам, ки мубодилаи афкори имрӯза ба ҳамоҳангсозии мавқеъҳо ва дар ҳамбастагӣ ба вазъият дар соҳаи масъулияти Созмон, инчунин арзёбии объективии таҳдидҳо ва чораҳои амниятӣ мусоидат хоҳад кард, — таъкид намуд муовини  якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода.

Дар кори ҷаласаи ҳамоҳангсозии Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ  намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва СААД Бахтовар Сафарзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Таъкид менамоем, ки Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ фаъолияти Созмони мазкурро ба роҳ монда, ба ин ниҳод роҳбарони парлумонҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия шомиланд.

Февраль 18, 2021 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода бо раисони кумитаҳо, комиссияҳои мудофиа ва амнияти парламентҳои давлатҳои СААД мулоқот намуд
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия ба тасвиб расид
Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи ҳуқуқи инсони Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе дурнамо ва рушди қонунгузории шаҳрак ва деҳот дар шароити ҷаҳонишавӣ баррасӣ карда шуд
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» қабул карда шуд
Ҳайати вакилони Тоҷикистон дар Муколамаи дуюми минтақавии парламентӣ оид ба рушди технологияҳои «сабз» иштирок намуд
Дар Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» мавриди баррасӣ қарор гирифт
Дар Русия ҷаласаҳои навбатии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои ИДМ баргузор гардиданд
Файзалӣ Идизода бо ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин мулоқот намуданд