Мусобиқаи волейбол миёни бонувон барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» ҷараён дорад

Февраль 15, 2021 11:02

ДУШАНБЕ, 15.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва  Маҷмааи варзиши обӣ»-и  шаҳри Душанбе мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе миёни 40 дастаи волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни бонувони вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҷараён дорад.  Дастаҳо то 6 март  қувваозмоӣ намуда, маросими ҷамъбасти мусобиқа дар арафаи Рӯзи Модар дар назар дошта шудааст. Ғолибон бо ҷом, мукофотҳои пулӣ ва сипосномаву ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда мешаванд.

Тавре аз шуъбаи  иттилооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур 40 даста давоми як моҳ байни ҳам рақобат мекунанд. Аз ин шумора 32 дастаи ғайрикасбӣ аз ҳисоби бонувони вазорату кумита ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди пойтахт ва 8 дастаи касбӣ аз ҳисоби бонувони ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеъ ва шаҳри Душанбе мебошанд.

Мусобиқаи мазкур бо дастгириҳои бевосита ва дар асоси қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе аз 8 феврали соли 2021 бо мақсади ташвиқу тарғиб, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни бонувон, рушди намуди волейбол, дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рўзи Модар ва истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат доир карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи волейбол миёни бонувон бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе соли панҷум аст, ки  гузаронида мешавад. Бори аввал соли 2017 миёни 17 даста рақобат сурат гирифт, ки дар натиҷа дастаи волейболбозони Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сазовори ҷойи аввал гардида буд.

Соли 2018 дар ин мусобиқа 19 даста иштирок намуданд ва ғолибият насиби дастаи Бонки миллии Тоҷикистон гардид. Соли 2019 22 даста аз миёни бонувони кишвар бо ҳам рақобат намуданд, ки зинаи аввал насиби дастаи волейболбозони ВМКБ гардид.

Сол то сол шумораи иштирокчиёну хоҳишмандони мусобиқаи волейбол меафзояд. Соли 2020 дар мусобиқаи волейбол миёни бонувон 25 даста барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» рақобат намуданд, ки дар натиҷа ғолибият насиби дастаи волейболбозони Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия гардид.

Февраль 15, 2021 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад