Мусобиқаи волейбол миёни бонувон барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 15.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва Маҷмааи варзиши обӣ»-и шаҳри Душанбе мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе миёни 40 дастаи волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни бонувони вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҷараён дорад. Дастаҳо то 6 март қувваозмоӣ намуда, маросими ҷамъбасти мусобиқа дар арафаи Рӯзи Модар дар назар дошта шудааст. Ғолибон бо ҷом, мукофотҳои пулӣ ва сипосномаву ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда мешаванд.
Тавре аз шуъбаи иттилооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур 40 даста давоми як моҳ байни ҳам рақобат мекунанд. Аз ин шумора 32 дастаи ғайрикасбӣ аз ҳисоби бонувони вазорату кумита ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди пойтахт ва 8 дастаи касбӣ аз ҳисоби бонувони ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеъ ва шаҳри Душанбе мебошанд.
Мусобиқаи мазкур бо дастгириҳои бевосита ва дар асоси қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе аз 8 феврали соли 2021 бо мақсади ташвиқу тарғиб, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни бонувон, рушди намуди волейбол, дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рўзи Модар ва истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат доир карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи волейбол миёни бонувон бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе соли панҷум аст, ки гузаронида мешавад. Бори аввал соли 2017 миёни 17 даста рақобат сурат гирифт, ки дар натиҷа дастаи волейболбозони Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сазовори ҷойи аввал гардида буд.
Соли 2018 дар ин мусобиқа 19 даста иштирок намуданд ва ғолибият насиби дастаи Бонки миллии Тоҷикистон гардид. Соли 2019 22 даста аз миёни бонувони кишвар бо ҳам рақобат намуданд, ки зинаи аввал насиби дастаи волейболбозони ВМКБ гардид.
Сол то сол шумораи иштирокчиёну хоҳишмандони мусобиқаи волейбол меафзояд. Соли 2020 дар мусобиқаи волейбол миёни бонувон 25 даста барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» рақобат намуданд, ки дар натиҷа ғолибият насиби дастаи волейболбозони Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия гардид.










Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд






