Мусобиқаи волейбол миёни бонувон барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 11.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 10 феврал дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи волейбол миёни бонувон барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе оғоз гардид. Ин мусобиқа бори 5-ум аст, ки миёни бонувон доир мешавад ва аз зумраи маъруфтарин барномаи солимгардонию варзишӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола шумораи дастаҳои иштирокчӣ меафзояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.
Дар мусобиқа муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи кор бо занон ва оила, инчунин намояндагони дастаҳои иштирокчӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо мураббиёни намуди волейбол, ки масъулияти дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани мусобиқаро ба уҳда доранд, пеш аз оғози мусобиқа бо намояндагони дастаҳои иштирокчӣ мулоқот анҷом дода, тартибу низом ва мақсаду ҳадафҳои асосии Ҷоми Раиси шаҳрро ба ҳозирин расониданд.
Мусобиқа бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни бонувон, рушди намуди волейбол, дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Модар ва 30-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат ташкил гардидааст.
Бояд гуфт, ки тарзи ҳаёти солим яке аз дастовардҳои беназири инсоният ба ҳисоб рафта, барои шарафёб гардидан ба дарозумриву ҳаёти босаодат риояи меъёрҳои он ҳатмӣ ба шумор меравад. Фаҳмиш ва дарки пурраи мафҳуми тарзи ҳаёти солим, дар амал дуруст ҷорӣ намудани он маънии солиму бардам будани миллат, хонаводаҳо, насли имрӯзу ояндаро дорад. Тарзи ҳаёти солим яке аз роҳҳои бисёр камхарҷ ва пурсамари ҳифзи тандурустии миллат, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои саломатӣ мебошад.










«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд






