Ғолибони озмуни шаҳрии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» дар пойтахт муайян шуданд

Февраль 11, 2021 16:30

ДУШАНБЕ, 11.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Баъди азназаргузаронии маҳсулоти пешниҳодшуда ҷойи аввал дар номинатсияи «Корхонаи саноатӣ» ба ҶДММ “Рухом” ва ҷойи дуюм дар ҳамин номинатсия  ба ҶДММ «Асрори санг» дода шуд. Дар номинатсяи «Ҳунарманди касбӣ» бошад ғолиб Манучеҳр Саидов намояндаи н.И. Сомонӣ дониста шуда, ғолиби номинатсияи «Ҳунарманд» бошад, Бобоев Маҳмуд намояндаи н. Фирдавсии пойтахт интихоб гардид. 

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, дар маросими ифтитоҳи озмун муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ аз аҳамияти ин барномаи фарҳангӣ — сайёҳӣ дар таърихи навини мамлакат маълумот дода, аз иштирокчиёни озмун даъват ба амал овард, ки дар муаррифии имконияти сайёҳии кишвар, бахусус пойтахт – шаҳри Душанбе саҳм гузоранд.

Зикр шуд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳон ба мамлакат ва муаррифии давлат дар арсаи ҷаҳон солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи сангтарошию ороишӣ, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии мутахассисони соҳа, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари ороишиву сангтарошӣ, инчунин ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Дар даври шаҳрии озмун довталабоне, ки дар даври ноҳиявӣ ғолиб гардида буданд, иштирок намуда, ба ҳайати ҳакамон ва меҳмонон маҳсулоти омоданамудаи худро муаррифӣ намуданд.

Дар анҷом ба ғолибон  мукофот ва диплому сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супорида шуданд.

Февраль 11, 2021 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад