Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд
ДУШАНБЕ, 05.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев бо раванди парвариши зироат ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шароити гармхона шинос шуданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2011 инҷониб бо саҳми хоҷагидорон 37 гармхонаи анъанавӣ бунёд гардида, дар онҳо кишту парвариши навъҳои серҳосили қулфинай, помидор, бодиринг, картошка, кабудӣ, лимӯ ва дигар намуди зироат ба таври васеъ роҳандозӣ гардидааст ва ҳамасола деҳқонон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳосили фаровон ҷамъоварӣ намуда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Соли равон дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев боз 4 гармхонаи нав ба истифода дода шуд, ки дар он хоҷагидорон зироати гуногуни кишоварзӣ, аз қабили помидору бодиринг, кабудӣ, гулҳои мавсимӣ, картошка ва шалғам кишт намуда, ба хотири гирифтани ҳосили дилхоҳ заминро самараноку оқилона истифода мебаранд.
Ҳар як гармхона дар масоҳати аз 4 то 16 садяк замин бунёд гардида, зироати кишоварзӣ ба таври маъмулӣ парвариш карда мешаванд ва барои таъмини сифати хуби маҳсулот ва рӯёнидани ҳосили баланд муътадилии ҳарорати гармхонаҳо тариқи системаи гармидиҳӣ ва нури офтоб дар ҳама мавсими сол нигоҳ дошта мешавад. Дар сурати муътадил гардидани ҳарорати дохилӣ болопӯш ва атрофи он кушода хоҳад шуд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо ҷараёни парвариши сабзавоти барвақтӣ ва фаъолияти аҳли заҳмат ба хоҷагидорон ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва гирифтани ҳосили зиёд дастуру тавсияҳои муфид доданд.
Ҳамасола деҳқонони ин ҷамъият аз як гармхона то се маротиба ҳосил ҷамъоварӣ менамоянд.
Таъкид гардид, ки дар масоҳати даҳ садяки гармхона зиёда аз се ҳазор бех ниҳоли помидор шинонида шуда, давоми чор моҳ ба ҳисоби миёна то 10 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намудан имкон дорад ва баъди он бодиринг ё дигар намуди зироат кишт карда мешавад.
Ниҳоли помидор ва дигар намуди зироатро худи хоҷагидорон парваришу омода мекунанд.
Кишоварзони Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев ҳамчунин дар замини кушод, зери плёнка дар масоҳати нуҳ гектар картошка, се гектар сабзӣ, як гектар шалғам кишт кардаанд ва кор дар ин самт бо маром идома дорад. Соли равон кишоварзони ҷамъият кишти картошкаро ба 100 гектар мерасонанд.
Аъзо ва саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев, ки 1650 нафарро ташкил медиҳанд, бо меҳнати пурмаҳсул дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоти барвақтӣ дар шароити гармхона ҳама фасли сол фаъолияти назаррас дошта, дар таъмини бозорҳои вилоят бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ саҳми фаъол доранд.
Соли 2020 хоҷагидорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев аз гармхонаҳо 900 ҳазору 500 дона гули мавсимӣ, 36,5 тонна помидор, 5 тонна лимӯ ва 18,5 тонна бодиринг ҷамъоварӣ намуданд.
Саҳмдорони ҷамъияти мазкур аз дастгирии навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои як сол, яъне соли 2021 тамоми кишоварзони мамлакат аз пардохти андози ягонаи замин озод гардиданд, рӯҳбаланд шуда, аҳлона заҳмат мекашанд ва бо мақсади фаровонии бозор ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзоиш мебахшанд.
Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев дар маҷмӯъ 2 ҳазору 700 гектар замини корами обӣ мавҷуд аст.
Зимни боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ таъкид гардид, ки деҳқонони вилояти Суғд дар бунёди гармхонаҳо таҷрибаи ғанӣ дошта, фаъолияти онҳо сол то сол дар ин самти хоҷагидорӣ густариш меёбад.
Дар асоси татбиқи Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 дар ҳама шаклҳои хоҷагидории вилоят 459 гармхонаи хурду бузург бунёд гардида, дар онҳо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст.
Давоми соли гузашта хоҷагидорони вилоят аз гармхонаҳо зиёда аз 1 ҳазору 500 тонна маҳсулот, аз ҷумла 852 тонна помидор, 223 тонна бодиринг ва 271 тонна лимӯ ҷамъоварӣ намуданд.
Соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бунёди боз 36 гармхонаи замонавӣ ба нақша гирифта шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиёд намудани масоҳати гармхонаҳо, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноку оқилонаи замин ва ҷорӣ кардани роҳу усулҳои нави парвариши зироат ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.









35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ба ин муносибат дар пойтахт рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо баргузор мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иншооти иҷтимоӣ бунёду навсозӣ карда мешаванд






