Профессор Абдуллоҷон Орифов дар синни 81 аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 26.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Арбоби барҷастаи давлатӣ, аввалин раиси Кумитаи андози Тоҷикистон ва генерали хадамоти андоз, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Абдуллоҷон Орифов дар 81-солагӣ аз олам даргузашт.
Орифов Абдуллоҷон Орифович 6 феврали соли 1941 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун иқтисоддон оғоз намуда, ба унвони профессорӣ расидааст. Дар солҳои гуногун Орифов дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вазифаҳои баландро ишғол намуда буд.
Ӯ ба ҳайси мутахассиси стандартикунонӣ, иқтисоддони калон, сар иқтисодшинос, мудири шуъбаи банақшагирии меҳнат, сардори маъмурияти банақшагирӣ, раиси иттифоқҳои касаба, ассистент, аспирант, муаллими калон, дотсент, муовини мудири кафедра, декани факултаи омодагӣ, котиби ташкилоти партиявии маъмурияти Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва декани факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд кор кардааст.
Соли 1992 ӯ сардори Сарраёсати андози Тоҷикистон шуда, сипас фаъолияти давлатиро дар Парлумони кишвар идома дод ва дар он ҷо яке аз аввалин вакилони интихобшудаи мардумӣ дар Маҷлиси намояндагон гардид.
Соли 2006 Орифов кафедраи гумруки факултаи иқтисодии ДДҲБСТ-ро роҳбарӣ карда, фаъолияти омӯзгории худро идома дод.
Абдуллоҷон Орифов узви вобастаи Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ буда, бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва Ҷоизаи ба номи академик Б. Ғафуров мукофотонида шудааст.
Илова бар ин, ӯ яке аз аввалинҳо шуда, унвони Мушовири кулли Хадамоти андози Тоҷикистонро гирифт. Дар тӯли фаъолияти тӯлонии илмии худ Орифов бисёр китобҳо навиштааст. Ӯ муаллифи зиёда аз 800 корҳои илмӣ ва методӣ мебошад.
АКС аз бойгонӣ








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






