Сангтарошон маҳсули ҳунари худро ба маърази тамошо гузоштанд

Февраль 12, 2021 16:02

ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» ҳанармандону сангтарошон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон — Суғду Хатлон, Бадахшон ва шаҳри Душанбе, ки дар давраҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ ғолиб баромада буданд, ҷамъ омаданд. 

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои баргузории  фестивал, намоиш, ид ва озмунҳо, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, гузаронида шуда, ҳадафаш эҳё ва тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, хусусан таҳияи маҳсулоти ороишӣ аз санг, дарёфти чеҳраҳои нави ҳунарманд, ташкили ҷойҳои корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад.

Дар даври ҷамъбастии озмун сангтарошону ҳунармандони Суғду Хатлон, Бадахшон ва шаҳри Душанбе  иштирок ва маҳсули  ҳунари худро ба намоиш гузоштанд.

Озмун аз рӯи се номинатсия –«Корхонаи саноатӣ», «Ҳунарманди касбӣ» ва «Ҳунарманд»  ҷамъбаст гардид.

Меҳмонону иштирокчиён маҳсули дастони ҳунармандонро тамошо намуда, аъзои комиссияи озмунӣ ба сифати истеҳсоли маҳсулоти ҳунари ороишӣ аз санг, ташкили намоиши ҳар як ҳунарманд, шакли муаррифии намунаҳои ҳунари ороишӣ аз санг, сатҳи тарбияи шогирдон ва таъсиси мактаби ҳунармандӣ, дараҷаи огоҳӣ аз таърихи ҳунарҳои мардумӣ, навоварӣ ва ташаббускорӣ дар такмили ҳунарҳои вобаста ба ороиш аз санг баҳо гузоштанд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» пагоҳ ҷамъбаст мегардад.

Февраль 12, 2021 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад