Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо донишҷӯёни Донишгоҳи аграрӣ мулоқот намуд

Февраль 24, 2021 10:10

ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   бо донишҷӯён, устодону маъмурияти донишкадаву донишгоҳҳои олии ҳудуди пойтахт суҳбату мулоқоти судманд ва вохӯриҳои озоду ошкоро баргузор намуда  истодааст. Чунин мулоқоти судманд дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур доир гардид. Дар ҷамъомад сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода, ректори донишгоҳ профессор Усмон Маҳмадёрзода ва қариб 600 нафар донишҷӯёну устодони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ширкат намуданд.

Тавре  аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар  мулоқот Шариф Назарзода зиёда аз 10 нафар донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро, ки бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ ва робитаи зич дошта, дар пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ саҳм мегузоранд, бо Сипоснома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.

Дар мулоқот зикр гардид, ки сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст. Вобаста ба ин ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу маърифатнокии ҷавонон ва соҳибкасб гаштани онҳо якчанд барномаҳои мушаххас дар самти дастгирии ҷавонон қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки метавонанд баҳри дастгирии онҳо заминаи мусоид фароҳам оваранд. Аз ин лиҳоз ҷавононро мебояд қарзи шаҳрвандии худро, ки маҳз таҳсили илму дониш ва саҳм гузоштан дар пешравии ҷомеа мебошад, иҷро намуда, бо амалу рафтори намммунавии худ шоистаи таҳсин ва ифтихори волидайну миллати тоҷик гарданд.

Зимни мулоқот Шариф Назарзода оид ба баланд бардоштани маърифати шаҳрнишиниву шаҳрдорӣ ва ободу зебо гардонидани муҳити атроф, саҳм гузоштан дар пешгириву ошкорнамоии амалу кирдорҳои номатлуб ва ба роҳ мондани ҳамкории зич бо мақомоти милитсия ибрози андеша намуда, аҳли нишастро даъват кард, ки худро бетараф нагирифта, ҷиҳати муборизаи беамон бо унсурҳои халалдоркунандаи тартибот бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ намоянд. Зеро ҳифзи арзишҳои миллии фарҳангӣ, ваҳдату суботи ҷомеа ба донишу маърифат ва маданияту малакаи ҳар сокини пойтахт вобаста аст.

Шариф Назарзода бо изҳори таассуф аз пайравии ҷавонон ба рафтору гуфтори ғайритоҷикона ва даҳҳо падидаҳои номатлуби дур аз фарҳанги миллӣ иброз намуд ки барои пешгирии чунин омилҳои номатлуб ҳар нафар бояд саҳм гузорад.

Февраль 24, 2021 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз гармхонааш то се ҳосил мегирад
Дар Рашт оид ба тарбияи ҷавонон ҳамчун воситаи муҳим дар муқовимат ба коррупсия машғулият доир гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддати хусусияти селӣ дошта пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 май, чоршанбе, 147-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд