ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 феврал, душанбе, 32-юмин рӯзи соли 2021 аст

Февраль 1, 2021 08:00

1 феврали соли 2011 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари вақти Агентии федеролии Россия  доир ба корҳо бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории гуманитарии байналмилалӣ Фарит Мухаметшин  масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон ва Россия дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг баррасӣ шуд.

***

Се сол пеш, 1 феврали соли 2018 дар шаҳри Душанбе мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаи биометрӣ роҳандозӣ карда шуд.

1 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар ИМА – Рӯзи миллии озодӣ.

***

Дар Сенегал – Рӯзи Конфедератсия.

***

Дар Алҷазоир – Рӯзи тахлия  (аз ҷойҳои хавфнок муваққатан ба ҷойҳои осуда кӯчонидани аҳолӣ ва молу анҷом).

***

Дар Никарагуа – Рӯзи неруҳои ҳарбӣ- ҳавоӣ.

***

Дар Малайзия – Рӯзи ҳудуди федералӣ.

РӮЙДОДҲО:

1 феврали соли 1993 дар  шаҳри Душанбе Намояндагии аввали СММ — Дафтари нозирони СММ дар Тоҷикистон (ДНСММТ) кушода шуд.

***

1 феврали соли 2011 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасии Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи таъсис ва тарзи фаъолияти маркази фарҳангӣ- иттилоотӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе масъалаи сохтани  неругоҳҳои хурди обӣ – барқӣ ва имконияти таъсис додани корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Германия оид ба истеҳсоли батареяҳои офтобӣ баррасӣ карда шуд.

***

1 феврали соли 2018 дар Душанбе Барномаи ҳамкории тиҷоратӣ — иқтисодии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расид.

***

128 сол муқаддам, 1 феврали соли 1893 ихтироъкори америкоӣ Томас Эдисон дар Ню-Ҷерси аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон киностудияи «Черная Мария»- ро таъсис дод.

***

1 феврали соли 1995 Конвенсияи ҳудудӣ дар бораи ҳифзи ақаллияти миллӣ қабул карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

 Соли 2011 сокинони водии Зарафшон аввалин маротиба аз Хатти интиқоли барқи «Шимол — Рӯдакӣ» қувваи барқи дохилӣ дастрас намуданд.

***

Соли 1946 дипломати норвегиягӣ Трюгве ЛИ аввалин Дабири Кулли СММ интихоб гардид.

Февраль 1, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, шанбе, 363-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст