ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 феврал, якшанбе, 52-умин рӯзи соли 2021 аст
21 феврали соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаҳои ниҳолшинонии чанд гӯшаи шаҳри Душанбе бевосита иштирок ва мардумро ба вусъат додани бунёди боғҳо ва сабзазоркунию ободонии муҳити зист ҳидоят намуданд.
***
12 сол пеш, 21 феврали соли 2009 феҳристи осорхонаҳои Тоҷикистон нашр шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия маросими ботантанаи ифтитоҳи Маркази фарҳанги Тоҷикистон «Хайём» баргузор гардид.
21 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии забони модарӣ.
***
Рӯзи байналмилалии роҳбалад.
***
Дар Норвегия – Рӯзи шоҳ.
***
Дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ – Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ.
РӮЙДОДҲО:
21 феврали соли 2010 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия шоҳмотбози тоҷик Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев дар давраи 5-уми мусобиқаи «Aeroflot Open 2009» шоҳмотбози арманӣ Вахе Багдасянро мағлуб кард.
***
9 сол пеш, 21 феврали соли 2012 дар муҳокимаи парлумонии палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» баррасӣ шуд.
***
21 феврали соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи бознигарии солонаи машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид.
***
21 феврали соли 2017 дар Ҳиндустон Фестивали 19—уми байналмилалии «Бхарат Ранг Махотсав» («Bharat Rang Mahotsav»), ки аввали моҳи феврал оғоз гардид, ба анҷом расид. Дар фестивали бонуфуз миёни дигар иштирокдорон аз 20 давлати дунё намояндагони Тоҷикистон – ҳунармандони Театри давлатии мусиқӣ- драмавии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом иштирок намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 1917 дар Руминия дар натиҷаи садамаи қатора зиёда аз 500 нафар ба ҳалокат расиданд.
***
81 сол муқаддам, 21 феврали соли 1940 синни банафақабароии занони англис аз 60- солагӣ муқаррар карда шуд.
***
21 феврали соли 1995 дар Эстония Қонун “Дар бораи забон ” қабул карда шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1925 дар Ню-Йорк аввалин шумораи рӯзномаи адабӣ-публитсистии «Ню-Йоркер» нашр шуд.