Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли СААД мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 17.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 17 феврал Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Засро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили ҳифзи сулҳу субот дар минтақаи масъулияти Созмон, вокуниши саривақтӣ ба чолишу таҳдидҳои муосир, инчунин афзун гардонидани ҳамкориҳои кишварҳои узви СААД дар соҳаҳои сиёсиву дипломатӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва ҳарбӣ-иқтисодӣ табодули афкор намуданд.
Бо дарназардошти раёсати Тоҷикистон дар Созмон С.Муҳриддин таваҷҷуҳи кишварро ба ҳамкории зич бо Котиботи СААД ва ниҳодҳои он ҷиҳати пешбурди рӯзафзуни самтҳои авлавиятноки раёсат таъкид кард.
Гузашта аз ин, ҷонибҳо роҷеъ ба ҳамоҳангсозии баъдии мавқеъҳо ва ба ҳам наздик сохтани равишҳои кишварҳои узв дар масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор намуда, ҷараёни омодагии кишварро ба нишасти дарпешистодаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД, ки баҳори соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






