16-19 март дар Душанбе Фестивали дӯстии ҷавонон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 15.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16-19 март дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ» Фестивали дӯстии ҷавонон баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 12 марти соли равон ба тасвиб расидааст.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши пойтахт ҳамоҳангсози баргузории Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ» муқаррар карда шудааст.
Фестивали мазкур бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, таҳкими муттаҳидӣ, дӯстӣ ва ягонагӣ дар байни ҷавонон, инчунин табодули маълумот, таҷрибаомӯзӣ ва шиносоӣ бо ҷойҳои фарҳангию фароғатии пойтахт доир карда мешавад.
Акс аз бойгонӣ








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






