22 март Форуми II байналмилалии «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад

Март 13, 2021 11:09

ДУШАНБЕ, 13.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 марти соли равон  дар пойтахт  Форуми II байналмилалии  «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 12 марти соли равон нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории Форуми мазкур, ҳайати кумитаи тадорукот ва ҳисобномаи хароҷотии баргузории он тасдиқ гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Форуми мазкур дар доираи  нақшаи чорабиниҳои мақомоти шаҳр  ҷиҳати эълон гардидани “Душанбе — пойтахти фарҳангии Иттиҳод — 2021”, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 марти соли 2021 тасдиқ гардидааст, инчунин ташвиқу тарғиби ғояҳои созандагии Иди байналмилалии Наврўз, фарҳангу таърихи миллати тоҷик, муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат, ҷалби сайёҳон, саромоягузорӣ, рушди имкониятҳои соҳибкорӣ ва таҳкими ҳамкории бародаршаҳрӣ роҳандозӣ мегардад.

Тибқи қарори мазкур  Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда барои баргузории Форуми мазкур  427640 (чорсаду бисту ҳафт ҳазору шашсаду чил) сомонӣ ҷудо намуд.

Март 13, 2021 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад