ҶАҲОН ТОҶИКИСТОНРО ЧУН ВАТАНИ НАВРӮЗ МЕШИНОСАД! Имрӯз Форуми II байналмилалии «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид

Март 22, 2021 14:16

ДУШАНБЕ, 22.03.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахти мамлакат Форуми II  байналмилалӣ  таҳти унвони «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид.

Дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ҳайатҳои бародаршаҳрҳо, корпусҳои дипломатӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, коршиносон ва роҳбарони ширкатҳои сайёҳии мамлакат, васоити ахбори омма, мутахассисону коршиносони дохиливу хориҷӣ  ширкат намуданд.

Пеш аз оғози форум иштирокчиёни он аз намоишгоҳи фарҳанги наврӯзӣ, ки дар он намунаҳои гуногуни осори санъати наққошиву гулдӯзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, унсурҳои фарҳанги наврӯзӣ, хӯрокҳои миллӣ ба маъраз гузошта шуда буданд, дидан карданд.

Форум кори худро дар Кохи «Суруш» таҳти раёсати Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  Фарҳод Раҳимӣ оғоз намуд.  Фарҳод Раҳимӣ иштирокдоронро бо Ҷашни байналмилалии Наврӯз шодбош намуда, зикр кард, ки имрӯз ба  кишвари мо, ба зодгоҳи Наврӯз,    Наврӯз омад. Наврӯзе, ки тавассути сиёсати хирадмандона, дурандешона ва фарҳанпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё шуд. Дубора дар кишвари Наврӯз суннатҳо ва арзишҳои наврӯзӣ зинда мешаванд ва мардуми ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун кишвари Наврӯз ва Ватани Наврӯз мешиносанд. Байналмилалӣ гардидани Наврӯз шаҳодати он аст, ки ин ҷашн барои тамоми сокинони сайёра ҷашни муқаддас аст.

Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро  ба иштирокдорони ин чорабинии байналмилалӣ расонид.

«Босо рамзист, ки Форуми II  байналмилалӣ  таҳти унвони «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» дар доираи тадбиқи барномаи байнидавлатии ИДМ ва дар рӯзҳои эълон гардидани «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» баргузор мегардад. Шаҳри Душанбе аз тарафи созмонҳои байналмилалии муҳити зист ба яке аз шаҳрҳои сабзи аз ҷиҳати экологӣ тоза эътироф шудааст. Инчунин дар натиҷаи назарпурсиҳо шаҳри Душанбе ба қатори даҳ шаҳри ҷаҳон дар айёми баҳор барои сайёҳон муносиб дар ИДМ шомил гардид. Шаҳри Душанбе ба даҳгонаи шаҳрҳои ому озоди дунё пазируфта шудааст ва дар даврони соҳибистиқлолӣ ду маротиба ба гирифтани Ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ»-и Бунёди «Роҳи абрешим» мушараф гардидааст», — гуфт муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода.

Тавре зикр гардид, таърихи ҷашни Наврӯз, ки аз қаъри ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад, бо сарнавишти пурпечутоб, вале пурифтихору ибратомӯзи халқи тоҷик робитаи ногусастанӣ дорад. Мардуми фарҳангсолори мо ин ҷашни бостониро аз гузаштагони худ ба мерос гирифта, онро дар суннату анъанаҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва адабиёти хаттиву шифоҳӣ бисёр васеъ ва ба таври шоиста инъикос кардаанд. Наврӯз на танҳо оғози кори марди деҳқон, балки шурӯъ гардидани ҳама гуна ташаббусҳои созанда ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ, тозаву озода намудани манзили зист, сарсабзу гулпӯш кардани хиёбону майдонҳо дар тамоми қаламрави мамлакат, аз ҷумла пойтахти он мебошад.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зикр дошт, ки баргузории Форуми мазкур бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ба шаҳри Душанбе, ташвиқу тарғиби фарҳангу таърихи қадимии халқи тоҷик, инчунин муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардидааст.

Мавсуф афзуд, ки Наврӯз таҷассуми  гиромидошти муқаддасот, суннату анъана ва фарҳангу тамаддуни қадимии миллати тоҷик буда, марҳилаҳои ташаккули таърихии он ба ҳайси сармояи маънавии миллати тоҷик ва оини баргузидаи башарият, ҷашни эҳёи табиату оғози соли нав, шодиву сурури ҳамагонӣ, бузургдошти дӯстию бародарӣ ва ваҳдату якпорчагӣ,   суннату оинҳои мардумӣ, орзую ормонҳои умумихалқӣ ва арзишҳои дунявӣ дар ҳамоҳангӣ бо рисолати шодиофаринии Наврӯз маҳсуб меёбад.

Ҳамчунин дар Форум зикр гардид, ки мақоми байналмилалиро касб кардани Наврӯз имкон фароҳам овард, ки мардуми олам аз фалсафаи эҳёгариву созандагӣ ва башардӯстонаи ин ҷашни бисёр қадима ҳарчи бештар огоҳ гарданд, зеро Наврӯз танҳо марбут ба қаламрави зуҳури он набуда, балки суннату анъанаҳои неки он метавонанд ҳамчун василаи ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат намоянд.

Дар расми ифтитоҳи форум муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода, Директори иҷроияи Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои аъзои ИДМ Анатолий Иксанов, муовини Раиси шаҳри Мазори Шарифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Сайид Зайбуллоҳ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, ва  дигарон андешаҳояшонро дар бораи Наврӯз ҳамчун рамзи фарҳангию сайёҳӣ иброз  намуданд.

Дар қисмати минбаъдаи маросими ифтитоҳии форум Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар мавзӯи «Наврӯз-меҳвари робитаҳои фарҳангӣ», Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода дар мавзӯи «Муаррифии Наврӯз ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ», муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода дар мавзӯи «Наврӯз ғояи созандагӣ ва рушд», муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Наврӯзи байналмилалӣ-муаррифгари имконотҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон», доктори илмҳои таъри, сарходими илмии Иниститути таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ Баҳринисо Қобилова дар мавзӯи «Наврӯз суннати зиндаи бостонии мардуми тоҷик» ва  директори Маркази антропологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмадалӣ Музаффарӣ дар мавзӯи Наврӯз ва арзишҳои маърифатии умумибашарии он» бо маърӯзаҳо баромад карданд.

Тавре тазаккур дода шуд, мардумон ҷиҳатҳои писандидаи Наврӯзро, ки беш аз шаш ҳазор сол таърих дошта, барои инсон ва зиндагии хушу хуррами инсоният хизмат мекунанд, бо илова намудани ойину рамзҳои нави ҳаётдӯстона ба рӯзҳои мо расонидаанд.

Воқеан, сифатҳои некбинонаи ҷашни воқеан мардумӣ асос шуд, ки аксарияти кишварҳо барои ҷаҳонӣ шудани он саъю талош намуданд ва бо кӯшишҳои муштарак Наврӯзро ба ҷашни байналмилалӣ табдил доданд.

Имсол ба санаи аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷашни байналмилалӣ эълон гардидани Наврӯз  ёздаҳ сол пур шуд.

Сипас форум кори худро дар дар ду бахш  — «Наврӯз – ғояи созандагии ҳамкориҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ» ва «Сайёҳӣ абзори ҷалби сармоягузорӣ ва имконоти рушди соҳибкорӣ» идома ёфтад, дар доираи он олимону мутахассисон, коршиносони дохиливу байналмилалӣ дар мавзӯъҳои «Моҳияти хоссаи меҳвари рушди сайёҳӣ қарор гирифтани Наврӯз», «Хусуссиятҳои саёҳати Наврӯз ва инъикоси ҳунарҳои мардумӣ дар он», «Ситоиши Наврӯз дар ашъори шуарои тоҷик», «Омилҳои мондагории ҷашни Наврӯз дар замони Сомониён», «Анъанаҳои ҷашни Нварӯз дар фолклори Бадахшон» ва ғайра маърӯзаҳо хоҳанд кард.                                                         

Аз рӯйи натиҷаҳои Форуми II байналмилалии «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» Баёния қабул гардид.

Матни Баёнияро дар назди иштирокчиён котиби форум — сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Дилшоди Ҷамшед ироа кард.

Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки Баёнияи қабулшуда барои баррасӣ ва пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешавад.

Зикр шуд, ки тавсияҳо ва пешниҳодҳои дар он инъикосёфта барои густариши ҳамкориҳои фарҳангиву сайёҳӣ, муаррифии Наврӯз ҳамчун мероси муштараки башарият ва рушди сайёҳии Тоҷикистон аҳаммияти муҳим доранд.

Матни пурраи Баёния дар зер пешниҳод мегардад.

БАЁНИЯИ
Форуми II байналмилалии
«Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»,
22 марти 2021, ш. Душанбе, «Кохи Суруш»

Форуми II-юми байналмилалии “Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ” дар санаи 22 марти соли 2021 дар “Кохи Суруш”-и шаҳри Душанбе бо муваффақият баргузор гашта, Баёнияи пешниҳодшуда дар асоси суханрониҳои табрикотӣ, маърӯзаҳо ва музокироти иштирокчиён таҳия шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

Форуми II-юм ҳамчун идомаи Форуми I-уми Форуми  байналмилалии “Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ” (22 марти соли 2019), фарогири масъалаҳои  вобаста ба ҷашни Наврӯз, робитаҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ дар миқёси байналмилалӣ мебошад.

Форуми мазкур аз ду қисм иборат буд. Қисми якум “Ҷаласаҳои ифтитоҳӣ”, ки дар он 9 суханронии табрикотӣ, аз ҷумла 3 суханронӣ тариқи онлайн аз кишварҳои хориҷ ва 6 маърӯзаи илмӣ дар мавзӯҳои “Наврӯз — меҳвари робитаҳои фарҳангӣ”, “Муаррифии Наврӯз ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ”, “Наврӯз — ғояи созандагӣ ва рушд”, “Наврӯзи байналмилалӣ — муаррифгари имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон”, “Наврӯз суннати зиндаи бостонии мардуми тоҷик”, “Наврӯз ва арзишҳои маърифатии умумибашарии он” шунида шуданд.

Қисми дувум фарогири ду бахш буда, бахши аввал зери унвони “Наврӯз – ғояи созандагии ҳамкориҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ” ба расму ойин ва анъанаҳои Наврӯз, дар иртибот бо вижагиҳо ва ҳамкориҳои сайёҳӣ бахшида шуда буд. Дар ин бахш 6 маърӯзаи илмӣ шунида шуда, ҳамчунин дар қисми музокира 4 нафар фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои худро баён намуданд.

Дар бахши дувум зери унвони “Сайёҳӣ абзори ҷалби сармоягузорӣ ва имконияти рушди соҳибкорӣ” 5 маърӯзаи илмӣ шунида шуд. Сипас 6 нафар ба музокира баромада, роҷеъ ба мазмуну мундариҷаи маърӯзаҳо мулоҳизаҳои хешро иброз дошта, айни замон якчанд пешниҳодро ироа намуданд.

Дар натиҷа аз ҷониби 500 нафар иштирокчиёни Форуми II-юми байналмилалии “Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ” пешниҳодҳои зерин ироа шуданд:

  1. Таъсиси Маркази таҳқиқотии наврӯзшиносӣ дар шаҳри Душанбе, дар ҳайати яке аз сохторҳои давлатӣ;
  2. Таъсиси сомонаи интернетии махсуси Наврӯз ба се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;
  3. Ба номи “Наврӯз” гузоштани яке аз қуллаҳои баланди кӯҳҳои Тоҷикистон;
  4. Таблиғу муаррифии Наврӯз ҷиҳати ҷалби сайёҳон ва меҳмонон тавассути нашри китобу маҷмӯаҳо ба забонҳои байналмилалӣ;
  5. Таҳияи низомнома ва сенарияи “Карнавали Наврӯз” ва минбаъд баргузор намудани он тибқи равиши муайян;
  6. Дар бахши сайёҳӣ таъсис додани ҷоиза ба сафирони муқими Тоҷикистон оид ба даъвати теъдоди шаҳрвандонашон ба кишвари мо;
  7. Банақшагирӣ, ташкил ва баргузории ҳамасолаи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва фарҳангии “Наврӯз” дар шаҳри Душанбе;
  8. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола моҳи январ таҳия ва тасдиқи Тақвими ягонаи чорабиниҳои Наврӯзӣ бо мақсади муаррифии Наврӯз ҳамчун бренди миллии ҷалби сайёҳон;
  9. Муайян намудани яке аз мавзеъҳои муносиби кишвар дар айёми Наврӯз ҳамчун макони сайёҳӣ барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонон;

Раисикунанда — Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ

Котиб — Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Дилшоди Ҷамшед

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
            хабарнигори АМИТ «Ховар»


АКС: Тоҳир САИД/АМИТ «Ховар»

Март 22, 2021 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе бо Раиси шаҳри Шероз мулоқот намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо дастовардҳои сокинони вилояти Суғд шинос шуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад