Дар Душанбе хатсайри нави автобуси №55 ба фаъолият оғоз менамояд

Март 12, 2021 10:40

ДУШАНБЕ, 12.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз  15 марти соли равон  дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе хатсайри нави автобуси №55 (терминали мусофирбарии Дарвозаи ҷанубӣ-Боғи  «Роҳи Оҳанчиён») ба фаъолият оғоз менамояд. Автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои Мастонгулов, А. Дониш, С. Айнӣ, С. Шерозӣ, Соҳилӣ, Ҷомӣ, Н. Қарабоев, Ҷанубӣ ва шоҳроҳи Бохтар ҳаракат менамоянд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар хатсайри мазкур  ба  сокинон ва меҳмонони пойтахт автобусҳои муосири ватании тамғаи “АКИА ОРИЁ-LE 8”  хизмат мерасонанд.  Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 11 декабри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 36 автобус ва 69 троллейбуси нав дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри” аз аввали соли 2020 дар асоси фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе истеҳсоли автобуси дохилишаҳриро бори аввал ба таври силсилавӣ, бо номгузории тоҷикӣ — “Акиа Ориё” оғоз намуд. Автобусҳои дохилишаҳрии тамғаи “Акиа Ориё” истеҳсоли корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо дарозии 8 метр барои 64 нафар мусофир пешбинӣ гардидааст. Автобусҳои нав аз лиҳози суръат, вазни камтар ва кутоҳтар будан барои фаъолият дар кӯчаҳои на он қадар васеъ дорои бартарияти зиёд мебошанд.

Март 12, 2021 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад