Дар ноҳияи Сино баъди навсозӣ зеристгоҳи барқии «Саноатӣ» мавриди истифода қарор дода шуд
ДУШАНБЕ, 17.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баъди навсозӣ зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ “Саноатӣ”, воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулови ноҳияи Синои пойтахт мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, айни ҳол зеристгоҳ минтақаи саноатӣ аҳолии кӯчаҳои Ҷ. Расулов, С. Шерозӣ, Асадулло Ғуломов, Маяковский, маҳаллаҳои Роҳи нав, Меҳнатобод, Арбобхотум, Н. Ганҷавӣ ва ғайраҳоро бо барқ таъмин намуда, хароҷоти шабонарӯзии зеристгоҳ дар фасли зимистон 540 000 кВт*ст-ро ташкил медиҳад. Зеристгоҳи мазкур 18 480 муштариро бо барқ таъмин менамояд, ки аз ин шумора 17 480 муштарии маишӣ буда, боқимонда корхонаҳои саноатӣ ва тиҷоратӣ мебошанд.
Баъд аз таҷдиди зеристгоҳ ва таъмини он бо таҷҳизотҳои барқии муосир, шумораи садамаҳои технологӣ нисбат ба солҳои 2017 3 маротиба кам гашта, сифати таъминоти барқ низ беҳтар ва сарфи технологии барқ нисбат ба соли 2017 ба миқдори 1,4% кам шудааст.
Бояд зикр намуд, ки бори аввал дар зеристгоҳи барқии мазкур сохтори тақсимотии 10 кВ-и дуқабата бо воситаҳои ҳимояи микропротсессорӣ ва кори фоиданокиашон баланд дар истифода қарор дода шудааст, ки хизматрасониашон осон мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки 9 марти соли 2017 Созишномаи мубодилаи ёддоштҳо миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Япония ба тасвиб расид, ки дар асоси он 30 июли соли 2017 Созишномаи Грантӣ барои навсозии зеристгоҳи барқии “Саноатӣ” ва сохтмони зеристгоҳи барқии нав 110/35/10кВ “Пойтахт” бо арзиши умумии 21млн.доллари ИМА ба имзо расонида шуд.
Корҳои сохтмонӣ аз тарафи пудратчии генералӣ “Нишизава” ва зерпудратчӣ ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” бо сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд. Дар рафти навсозии ду адад трансформатори 25 МВА ба трансформатори 40 МВА-ро иваз карда, сохтори тақсимотии 35 кВ ва сохтори тақсимотии 10 кВ иборат аз 47 чашмакҳои намуди замони муосир иваз намуданд.
Ин ҳама пешравиҳо дар соҳаи рушди энергетика дар давраи соҳибистиқлолӣ, бевосита бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлоли давлатӣ амалӣ гашта истодаанд.












Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд






