Дар Парлумон мулоқоти аъзои фраксияи ҲХДТ бо раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Парлумони касбии мамлакат мулоқоти аъзои фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон бо раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар назди иштирокчиёни ҷаласа муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ Дилрабо Мансурӣ изҳор дошт, ки «таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки асри ХХ ба раванди ташаккули давлатдории миллати тоҷик такони бузург бахшидааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ масъалаи ташаккули ҳизбҳои сиёсӣ ва низоми бисёрҳизбӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида буд. Нахуст Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» қабул гардид. Қонуни мазкур нақш ва мавқеи ҳизбҳои сиёсӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳоро мушаххас намуда, муносибатҳои иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи рушди иродаи сиёсии шаҳрвандон ва инчунин ба амал баровардани ҳокимият ба воситаи намояндагони худро танзим менамояд”.
Роҳи тайнамудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати поягузории идеологияи давлатдории миллӣ дар тӯли фаъолияташ роҳи мушкилу пурпечутоб, аммо бошарафона буд. Дар ин муддат ҲХДТ борҳо ҳизби халқ будани худро нишон дода, исбот намуд, ки тамоми афкору маънавиёташ аз қаъри дили мардум реша гирифта, фаъолияти амалиаш ба манфиати халқ равона шудааст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тӯли ин солҳо ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ дар ҷомеа нуфузи махсусро соҳиб гардида, аз оғози таъсиси худ то имрӯз дар рушди кишвари азизамон нақши сазовор гузошта истодааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо рисолати созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона миёни мардум ба таври шоиста муаррифӣ гардида, аз як гурӯҳи хурд ба ҳизби муосири қариб ниммиллионнафара, ба неруи пешсаф, ташаббускору созанда табдил ёфтааст.
Фаъолияти назаррас ва ибратбахши бонувону духтарон мавриди таваҷҷуҳ ва эътибори ҳамешагии давлату Ҳукумат қарор дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша занону бонувонро ҳамчун шахсияти бомасъулият, меҳрубон, устувор ва ояндадор баҳо дода, иброз менамоянд, ки нисбат ба ин табақаи ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад. Тавре огоҳӣ доред, мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон (25,8 фоиз) ва ба Маҷлиси намояндагон 15 нафар (23,8 фоиз) интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад.
Дар мулоқот раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозил Обидзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода роҷеъ ба рисолати созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарваронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон миёни мардум сухан гуфтанд.
Иштирокчиёни ҷаласаи мазкур аз Осорхонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.








Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон






