Даври сеюми олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 04.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 3 март дар Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври сеюми (шаҳрии) олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз рӯйи шаш номинатсия — «Беҳтарин дастаи олимпии ноҳияи шаҳри Душанбе», «Даҳгонаи беҳтарин дастаи олимпии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе», «Ғолибони даври сеюми олимпиадаи фаннии хонандагон», «Ғолибони даври шаҳрии олимпиадаи «Speeling Bee», «Ғолибони даври шаҳрии олимпиада оид ба «Шоҳмот» ва «Ғолибони олимпиадаи даставии «Истеъдод» баргузор гардид.
Тавре аз Сараёсати маорифи шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз рӯйи номинаи «Беҳтарин дастаи олимпии ноҳияи шаҳри Душанбе» зинаи аввалро дастаи олимпии ноҳияи Сино бо 351 ҷойи ифтихорӣ, зинаи дуюмро дастаи олимпии ноҳияи Фирдавсӣ бо 171 ҷойи ифтихорӣ, мавқеи сеюмро дастаҳои олимпии ноҳияи Шоҳмансур бо 158 ҷойи ифтихорӣ ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо 137 ҷойи ифтихорӣ ишғол намуда, бо ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зимни ифтитоҳи маросим иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инкишофи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» эълон карданд. Барои расидан ба ин ҳадафҳо дар кишвар ҳамасола озмунҳои шаҳрӣ (ноҳиявӣ), вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор гардида, ғолибон аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз ҷиҳати маънавию моддӣ қадрдонию ҳавасманд гардонида шаванд.
Аз рӯи номинаи «Даҳгонаи беҳтарин дастаи олимпии муассисаи таълимии шаҳри Душанбе» аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 бо 23 ҷойи ифтихорӣ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 бо 21 ҷойи ифтихорӣ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 бо 19 ҷойи ифтихорӣ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 бо 17 ҷойи ифтихорӣ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 бо 16 ҷойи ифтихорӣ ва аз ҳисоби литсей ва гимназияҳои пойтахт Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо гирифтани 55 ҷойи ифтихорӣ, Литсей-интернати Президентӣ бо ба даст овардани 53 ҷойи ифтихорӣ, Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо гирифтани 47 ҷойи ифтихорӣ, Гимназияи №74 бо ба даст овардани 40 ҷойи ифтихорӣ, Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо соҳиб шудани 33 ҷойи ифтихорӣ дастаҳои беҳтарини олимпии муассисаҳои таълимӣ дониста шуда, бо ҷоизаҳо сарфароз гардиданд.
Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ бори нахуст Олимпиадаи даставии «Истеъдод» бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бо шакл ва услуби нав баргузор карда шуд. Дар натиҷа дастаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансур сазовори ҷойи аввал дониста шуд. Аз ҳисоби литсей ва гимназияҳо дастаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ соҳиби ҷойи аввал дониста шуда, сазовори Ҷоми Олимпиадаи даставии «Истеъдод» гардид.
Дар даври сеюми олимпиадаи шаҳрӣ 3017 нафар иштирок намуданд, ки 841 нафарро ғолибони даври сеюми (шаҳрии) олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт ташкил доданд. Аз ин 161 нафар хонандагони синфи 11, 108 нафар ғолибони олимпиадаи даставии хонандагони синфҳои 9-10, 112 нафар наврасони синфҳои 7-8, 85 нафар хонандагони синфҳои 5-6, 12 нафар ғолибони олимпиадаи «Speeling Вee», 12 нафар ғолибони олимпиада оид ба «Шоҳмот» ба даври чоруми (ҷумҳуриявии) олимпиадаҳо роҳхат гирифтанд.
Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе олимпиадаҳои фаннии хонандагонро дар ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таҳсилоти шаҳри Душанбе дар пойтахт ва ноҳияҳои он марҳила ба марҳила роҳандозӣ намуд.
Маркази мазкур ташкил ва баргузор намудани олимпиадаҳои фаннӣ ва ҳавасмандгардонии иштирокчиёни онҳоро яке аз усулҳои босамари дастгирӣ ва ҷалб кардани хонандагони болаёқат ба донишандӯзӣ ва илмомӯзӣ мешуморад.








«САЙРИ САДА». Барои меҳмонону сайёҳони шаҳри Душанбе хатсайри ройгони сайёҳӣ ташкил карда мешавад
Рустами Эмомалӣ: «Соли 2025 дар шаҳри Душанбе 62 корхонаю коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд»
«БА ҚАДРИ ЗАҲМАТИ ДИГАРОН БОЯД РАСИД!». Чаро мо масъулияти шаҳрнишиниро риоя намекунем?
Тарҳи нави лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
АЗ НАВОВАРӢ ТО РУШДИ УСТУВОР. Мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ дар минтақа тақвият меёбад
Рустами Эмомалӣ бо мақсади бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ бо бостоншиносону таърихнигорон вохӯрӣ намуданд
Имрӯз иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир гардид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
Бо иштироки 2500 нафар кӯдакон дар Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардид
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар шаҳри Душанбе» баргузор мегардад






