Рустами Эмомалӣ бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитзюн мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Ҷитзюн мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар оғози суҳбат Го Ҷитзюнро бо оғози фаъолияти намояндагӣ дар Тоҷикистон шодбош гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки бо талошу фаъолияти самарабахш барои такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии ду давлати ҳамсоя дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Ҷонибҳо ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъкид намуданд, ки Чин ва Тоҷикистон дорои имконият ва захираҳои фаровони ҳамкории гуногунҷанба мебошанд.
Инчунин барои рушду густариши бештари ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Чин дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, гуманитарӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва кишоварзӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин атрофи дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор доир шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе











Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






