«ДУШАНБЕ ХОТИРАИ БУЗУРГОНИ ЗИЁДРО ПОС МЕДОРАД ВА САЙЁҲОНРО ТАСХИР МЕКУНАД». Чунин иброз дошт Раиси Кумитаи иҷроия — Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев

Март 24, 2021 11:39

ДУШАНБЕ, 24.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Душанбе хотираи бузургони зиёдро дар ҷойҳои намоён ва номҳои кӯчаҳо пос медорад, сайёҳонро бо меъморӣ ва боғҳои зебоманзар тасхир мекунад, ба ҷаҳониён сарвати ҳаёти маънавӣ, меҳмоннавозӣ ва дӯстии мардуми тоҷикро нишон медиҳад», — омадааст дар паёми шодбошии Раиси Кумитаи иҷроия — Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев (ДАР АКС) ба созмондиҳандагон ва иштирокчиёни маросими ифтитоҳи Барномаи байнидавлатии «Душанбе — пойтахти фарҳангии Иттиҳод – 2021», ки 21 март дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

Дар паёми шодбошӣ гуфта мешавад, ки соли 2021 барои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли ҷашнист — аз рӯзи имзои Созишнома оид ба таъсиси он 30 сол сипарӣ мешавад. Ва мисли пештара, яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамгироии байнидавлатӣ ҳамкории башардӯстона буда, лоиҳаи муҳими он Барномаи Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод мебошад, ки то ин замон дар шонздаҳ шаҳр бомуваффақият татбиқ карда шуд.

Тоҷикистон аллакай дар солномаи ин барномаи байнидавлатӣ сафҳаи дурахшони худро навиштааст. Соли 2015 ба яке аз қадимтарин шаҳрҳои он – шаҳри Кӯлоб мақоми Пойтахти фарҳангии Иттиҳод дода шуда буд.

Имсол эстафетаи фахриро Душанбе — маркази фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар қабул намуд.

Сергей Лебедев изҳори итминон кард, ки татбиқи Барномаи «Душанбе — Пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» дар рушди муколамаи фарҳангӣ дар ИДМ саҳми махсус хоҳад гузошт, инчунин чорабиниҳо, фестивалҳо, форумҳо ва консертҳои гуногуни ба нақша гирифташуда мароқи зиёд ва вохӯриҳову кашфиётҳои бисёри хурсандибахш хоҳанд овард ва иди ҳақиқӣ барои сокинон ва меҳмонони шаҳр хоҳанд гардид.

 

АКС аз CTV By

Март 24, 2021 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад