Душанбе расман пойтахти комилҳуқуқи фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон мегардад
ДУШАНБЕ, 20.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ шаҳри Душанбе — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон расман пойтахти комилҳуқуқи фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон мегардад. Ба ин муносибат маросими ифтитоҳи тантанавии барномаи «Душанбе — пойтахти фарҳангии ИДМ-2021» дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барномаи фарҳангӣ баргузор мегардад, ки дар маросими ифтитоҳи он ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ шаҳодатнома, ки мақоми пойтахти фарҳангиро тасдиқ мекунад, супорида хоҳад шуд. Шаҳодатномаро Анатолий Иксанов, директори иҷроияи ХБҲБ тақдим мекунад.
Бояд гуфт, ки бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи ИДМ 22 ноябри соли 2020 дар маҷмааи таърихию фарҳангии «Ситадел» -и шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон маросими пӯшидашавии соли «Шимкент — пойтахти фарҳангии ИДМ-2020» ва супоридани навбат ба шаҳри Душанбе барои соли 2021 баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, ки Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ (МФГС) соли 2006 аз ҷониби ҳукуматҳои ҳафт кишвари узви ИДМ таъсис ёфта, айни замон ба узвияти он кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон шомиланд. Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ аз соли 2007 то ин ҷониб дар доираи стратегияи худ лоиҳаҳоро дар соҳаҳои гуногуни гуманитарӣ дар ҳудуди Иттиҳод дастгирӣ менамояд. Лоиҳаи Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод» аз соли 2012 то ин ҷониб амал менамояд.
Ҳадафи ин Барнома муҳайё намудани фазои мусоид баҳри муттаҳидии иқтидорҳои фарҳангӣ ва таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ байни давлатҳои узви ИДМ, бунёди пояҳои ҳамкории иқтисодӣ, рушди нумӯи маҳалҳо ва шаҳрҳои ИДМ, баланд бардоштани мақоми Иттиҳод дар ҷаҳони муосир мебошад.
Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод» худро ҳамчун як марҳилаи муҳим дар муттаҳид сохтани саъю талошҳои ҷомеаи эҷодӣ бо мақсади тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ, таблиғи арзишҳои умумиинсонӣ, баланд бардоштани маърифат ва таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баргузории чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ дар ҳудуди ИДМ муаррифӣ намуд.
Аввалин «Пойтахти фарҳангии ИДМ» шаҳри бостонии Беларус Гомел интихоб гардида буд. Ва аз шаҳрҳои Тоҷикистон — шаҳри Кӯлоб соли 2015 ин мақомро соҳиб гашта буд.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи соли «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод» аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳои махсус иборат аз маҷмӯи чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва оммавӣ таҳия гардида, раванди барқарорсозии муҷассамаҳои таърихӣ, корҳои бунёдкорӣ ва ободонии шаҳр дар самтҳои гуногун ба анҷом расонида шуд.
Мавриди зикр аст, ки шаҳри Душанбе -пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрест дар оғӯши доманакӯҳҳои сабзу хуррам ва паҳнои водии рӯдхонаҳои хурӯшон, дар муҳити барои зиндагӣ хеле созгору писандида, ки ба василаи роҳҳои мошингард, оҳан ва ҳавоӣ тамоми гӯшаву канори мамлакатро ба ҳам мепайвандад. Дарвозаҳои бошукӯҳ дар чаҳор самти пойтахт нишони суннатҳои шаҳрсозӣ ва низоми устувори шаҳрдорӣ, сифатҳои наҷиби инсондӯстӣ, бародарӣ ва меҳмоннавозии сокинони шаҳррро таҷассум менамоянд.
Тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло дар пойтахт фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзали роҳи оҳан, вокзали нақлиётӣ, 37 меҳмонхона ва 57 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 32 маркази дилхушӣ, 25 бозор ва 91 маркази савдо, 26 мағозаи армуғонфурӯшӣ, 17 боғи фарҳангу фароғатӣ ва 1 боғи ҳайвонот, 14 гулгашт, 5 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 204 кошонаи ҳусн ва 201 сартарошхона, 4 кохи фарҳангӣ ва 7 театри касбӣ, 10 осорхонаву 6 китобхона, 6 амфитеатр, 23 ёдгориҳои бостонӣ, монументалӣ ва меъморӣ, 109 ширкати сайёҳӣ, фаввораҳо дар 37 мавзеи пойтахт, 1 Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ, кохҳои «Наврӯз» «Борбад», «Ваҳдат», «Сурӯш», 306 муассисаи табобатию профилактикӣ ҷойгир буда, ҳамарӯза ба садҳо меҳмонони дохиливу хориҷӣ аз рўйи талаботи онҳо хизматрасонӣ менамоянд.
Баландтарин парчам дар ҷаҳон бо баландии 165 метр маҳз дар шаҳри Душанбе қомат афрохта, дар китоби «Рекордҳои Гиннес» сабт гардидааст, ки яке аз мавзеъҳои истироҳативу сайёҳии сокинону меҳмонони пойтахт аст.
Ҳамзамон дар пойтахт Кохи «Наврӯз», ки аз намунаҳои олии санъати шаҳрсозии муосир буда, таҷассумгари сабки хоси меъмории миллӣ ба шумор меравад, ҷойгир шудааст. Нақшу нигор ва унсурҳои фарҳанги ороишии он таърихи беш аз 6000-солаи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷикро инъикос мекунад ва он ҳамчун муъҷизаи муосири сайёҳӣ эътироф шудааст.
Дар ин давра дар пойтахт 5 боғи нав – боғҳои фарҳангию фароғатии «Алишер Навоӣ», «Куруши Кабир», «Ҷавонон», «Аҳмади Дониш» ва «Восеъ» сохта шуда, 6 боғ – боғҳои фарҳангию фароғатии «С.Айнӣ», «Кӯли Ҷавонон», «Абулқосим Фирдавсӣ», «Хайём», «Кӯдакон» ва «А.Мироненко» пурра навсозӣ гардидаанд.
Шаҳри Душанбе бо дарназардошти имконият ва муваффақият доир ба рушди сайёҳӣ 3 октябри соли 2019 зимни баргузории ҷаласаи навбатии вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ҳамчун пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои СҲИ барои солҳои 2020-2021 пазируфта шуда, тибқи назарсанҷиҳои Агентии иттилоотии «Турстат» –и Федератсияи Россия, ба даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини кишварҳои аъзои ИДМ ва ба даҳгонаи беҳтарин шаҳри саёҳат ва сафари шабона дар ҷашни Соли нав шинохта шудааст.
Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»








Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад
ИДИ ТИРГОН — БРЕНДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ баргузор гардид
Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон — меъмори сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон
Дар Душанбе хатсайри нави автобуси барқӣ ба фаъолият оғоз намуд
Масоили рушди низоми нақлиёти шаҳри Душанбе бо БАТР баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ. Ин чорабинӣ дар фазои идона баргузор шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ПАНҶ. Деҳқонон беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд






