Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 17.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 март дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвои миллат- мояи ифтихор ва саодату сарҷамъии мо, ҷавонон» ҳамоиш баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур ба Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ» оғоз бахшид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стартегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон ва меҳмонон иштирок намуданд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иштирокчиёни фестивал аз намоишгоҳи дастовардҳои эҷодиву ҳунарии наврасону ҷавонон ва нигораҳои таърихии осорхона дидан намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иштирокчиёнро аз номи Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки «ҷашни Наврӯз, дар ҳақиқат, як ҷузъи хотираи тобноки маънавии одамон мебошад, ки наслҳоро ба ҳам пайванд дода, робитаҳои дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамёриву ҳамкориро боз ҳам қавӣ мегардонад. Маҳз ҳамин ҷиҳатҳои хосса аст, ки хурду бузург омадани Наврӯзро бесаброна интизорӣ мекашанд, барои бошукӯҳ таҷлил намудани он омодагӣ мегиранд ва ин ҷашни фарҳангиву ойини мардумиро дар сатҳи баланд истиқбол карда, хушҳоливу хушнудӣ менамоянд».
Дар ҳамоиш иштирокчиён доир ба анъанаҳои наврӯзӣ маълумот доданд. Дар ҷараёни он ҷавонон бо пуштибонӣ аз сиёсати Ҳукумати мамлакат аз саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву хуррамгардонӣ, беҳтарнамоии ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ва сазовор таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ – 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки Фестивали мазкур бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз, ки бо қарори Раиси шаҳр аз 24 феврали соли 2021 тасдиқ шудааст, аз 16 то 19 март бо иштироки 130 нафар ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар ва ҷавонони хориҷие, ки дар пойтахт таҳсил менамоянд, доир карда мешавад.
Ҳадафи баргузории фестивали мазкурро масъулин баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, таҳкими дӯстиву рафоқат ва ягонагӣ дар байни ҷавонон, инчунин табодули таҷриба ва шиносоӣ бо ҷойҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт маънидод намуданд.
Дар доираи фестивал саёҳат ва боздиди ҷавонон аз Боғи устод Рӯдакӣ, Боғи Парчами давлатӣ, майдони Дӯстӣ, Қалъаи Ҳисор, қисми ҳарбии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ, тамошои намоиши театрии «Қурбониҳои ишқ» дар театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов ба роҳ монда шуда, бо иштироки ҷавонон баргузории маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамчун нишони дастгирӣ аз иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти мамлакат дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ» 19 март анҷом меёбад.










Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






