Имконияти афзоиши ҳаҷми дастгирии молиявии БРО дар амалигардонии чораҳои зиддибуҳронии Ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ шуд

Март 3, 2021 11:20

ДУШАНБЕ, 03.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имконияти афзоиши ҳаҷми дастгирии молиявии Бонки Рушди Осиё дар амалигардонии чораҳои зиддибуҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода  бо Роҳбари навтаъйини Намояндагии доимии Бонки Рушди Осиё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Шенни Кэмпбелл қарор гирифт.

Вазорати рушди иқтисод ва савои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки  мусоҳибон масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои асосӣ, аз қабили сармоягузорӣ ба инфрасохтори энергетикӣ ва нақлиёт, рушди фазои сармоягузорӣ ва минтақахои озоди иқтисодӣ, иқтисоди сабз, таҳсилоти касбӣ ва тренингҳо, инчунин мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро бо таваҷҷуҳ ба минтақаҳои сусттараққикардаи кишвар муҳокима намуданд.

Имконияти афзоиши ҳаҷми дастгирии молиявии Бонки Рушди Осиё дар амалигардонии чораҳои зиддибуҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба буҷети давлатӣ, инчунин татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Барномаи рушди миёнамуҳлати иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2025» баррасӣ карданд.

Март 3, 2021 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад