Маҳмадтоир Зокирзода бо Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ мулоқот намуд

Март 31, 2021 14:58

ДУШАНБЕ, 31.03.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ, ки бо мақсади иштирок дар 9-умин Конфронси «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Раиси Маҷлиси намояндагон тавсеаи рӯзафзуни равобит бо Ҷумҳурии Исломии Покистонро иродаи давлати Тоҷикистон хонда, иброз намуд, ки «мо аз ҳолати тамосҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон, аз ҷумла дар сатҳи олӣ ва вазъи кунунии эътимоди комили байни ду давлат изҳори қаноатмандӣ карда, тавсеаи бештари ҳамкории амалию мутақобилан судманд, самарабахш ва ҳадафмандонаи дуҷонибаро муҳим арзёбӣ менамоем. Ҷумҳурии Исломии Покистон яке аз кишварҳои муҳим дар минтақа ба шумор меравад. Мехоҳам таъкид намоям, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши минбаъдаи муносибатҳо бо ин кишвари дӯст таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Ҳамкории мутақобилан судманд байни кишварҳои дӯсти мо мунтазам инкишоф меёбад. Мо омодаем тамоми самтҳоро ҷиҳати таҳким ва рушди ин ҳамкорӣ истифода барем”.

Ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон бо кӯшишу талошҳои ҳарду тараф бемайлон рушд меёбад. Тайи 29 соли муносибатҳо сафарҳои мутақобилаи расмӣ ва давлатии роҳбарони олии ду кишар  (сафарҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон солҳои 1994, 1996, 1997, 2004, 2011, 2015 ва 2017) сурат гирифтаанд.

-Дар ин робита, миёни ду давлат якчанд санадҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо, ҳамкорӣ дар соҳаҳои иттилоот, фарҳангу маориф, тандурустӣ, алоқаи ҳавоӣ, мудофиа, ҳамкории амниятӣ ва ғайраҳо ба имзо расидаанд. Ин санадҳо барои пешбурду ривоҷи ҳамкории гуногунҷанба байни Тоҷикистон ва Покистон заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам овардаанд. Пешниҳод менамоем, то баҳри амалисозии ин пояи қарордодӣ иқдомоти ҷиддӣ сурат гиранд,-гуфт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин иброз намуд, ки робитаҳои байнипарлумонии мо таърихи пурмуҳтаво дошта, то кунун дар сатҳи хуби дӯстона қарор гирифтаанд. Робитаҳои байнипарлумонии ҳарду кишвар дар тӯли 20 соли ахир фаъол гардида, боиси сафарҳои мунтазами гурӯҳҳои парлумонии Тоҷикистон ва Покистон гардидаанд. Ҳамин тавр, 25 июни соли 2006 бори нахуст гурӯҳи парлумонии Покистон бо сардории Раиси Сенат ҷаноби Муҳаммад Мия Сумру бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Бо мақсади густариши робитаҳои дуҷониба 15-18 марти соли 2016 бо даъвати Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Сардор Аёз Содиқ сафари расмии ҳайати парламентии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Покистон доир гардид. Ҳамзамон дар ҳошияи ин сафар ҷаласаи аввали гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Покистон сурат гирифт.

“Мо аз робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар қаноатманд буда, мунтазам баҳри нафаси тоза бахшидани онҳо саъй мекунем. Мавриди зикр аст, ки соли 2017 сафари раиси Кумита оид ба сохторҳои давлатии Сенати Покистон ва роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Покистон Муҳаммад Маҳмуд Талҳа ба шаҳри Душанбе доир гардид. Умедворем, ки дар оянда низ механизми мазкур кори худро боз ҳам фаъолтар хоҳад кард”.

Қалби Осиё-Раванди Истанбул»,-гуфт Маҳмадтоир Зокирзода,-  яке аз механизмҳои ҳамкории минтақавӣ буда, ҷиҳати ҳалли қазияи Афғонистон ва тавсеаи ҳамкории ин кишвар бо ҳамсоягон ва шарикони рушд ташкил гардидааст. Тоҷикистон ва Покистон, ки бо Афғонистон марзҳои дарозтарин доранд, дар ин раванд яке аз бозингарони калидӣ маҳсуб ёфта, баҳри истиқрори сулҳу субот дар минтақа манфиатдор мебошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон аз роҳандозии ҳама гуна тарҳҳо, ки барои эҳёи ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва таъмини амнияти Афғонистон зарур аст, истиқбол мекунад.

Имрӯз дар Маҷлиси намояндагон Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон фаъолият дорад.

“Бо истифода аз ин фурсат мехоҳам бори дигар рағбати содиқонаи инҷонибро барои фаъолияти муштарак ҷиҳати таҳкиму тақвияти равобити ду кишвар ва инкишофу шукуфоии онҳо, ки асли ормонҳои мост, ба Шумо ташаккури бепоёни худро иброз менамоям.

Мо мутмаинем, ки робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар оянда тавсеаи бештар ёфта, ба манфиати ду мардуми дӯст хизмат хоҳанд кард”, -гуфт дар анҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.

Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла бозсозии иқтисодиёту иҷтимоиёти Афғонистон ва саҳмгузории муштарак дар ин амри муҳим сурат гирифт.

Март 31, 2021 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сокинони шаҳри Ҳисор нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ расонида шуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар кори иҷлосияи 148-уми Ассамблеяи парлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Муттаҳид дар Женева иштирок намуд
Вакилони мардумӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин мулоқот намуданд
Тадбирҳои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ пешниҳод гардиданд
Дар Душанбе вазъ ва дурнамои ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Гурҷистон баррасӣ шуд
Рустами Эмомалӣ ба Валентина Матвиенко ва Вячеслав Володин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
БАР ЗИДДИ ИФРОТГАРОИВУ ТЕРРОРИЗМ САРҶАМЪОНА МУБОРИЗА БАРЕМ. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
САРМОЯИ ИНСОНӢ. Рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳамияти аввалиндараҷа дорад
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Модар пуршукуҳ таҷлил гардид
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН. 8 зан аъзои Маҷлиси миллӣ ва 16 нафар вакили Маҷлиси намояндагон мебошанд
Дар Душанбе бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор гардид